Бланшмэзон: Тоҷикистон шарики низомии мо буд

Клод Бланшмэзон, сафири собиқи Фаронса дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш солҳои 2000-ум бар ивази иҷораи фурудгоҳи Душанбе барои тайёраҳои ҷангандаву ҳамлу нақлгараш маблағе намепардохт.

Бланшмэзон, ки барои таҷлил аз 25-солагии равобити Душанбеву Париж ба Тоҷикистон омадааст, дар як ҳамоише шоми рӯзи гузашта изҳор дошт, бар асоси созишномаи байни Душанбеву Париж ҷониби Фаронса бар ивази иҷораи қисмате аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва ташкили пойгоҳи логистикӣ бояд нишастгоҳҳои фурудгоҳро бозсозӣ ва терминали наве бунёд мекард, ки анҷом дод.

Ӯ афзуд, ҳамчунин дар доираи ин созишнома бозомӯзии афсарони тоҷик дар Фаронса дар назар гирифта шуда буд, ки то кунун идома дорад ва ҳоло ҳам чанде аз афсарони тоҷик дар Фаронса ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сафири собиқи Фаронса равобити Тоҷикистону Фаронса аз ҳамкориҳои низомӣ оғоз шуд ва ин ҳамкорӣ эътимоди баландеро дар ҳамкории ду кишвар бунёд гузошт.

Ба қавли Клод Бланшмэзон, Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти вижае дорад, зеро ҳамсояи Чин мебошад: “Оғози кори мо дар Тоҷикистон, ки ман сафири ғайримуқимӣ будам бисёр хуб буд. Ман дар Душанбе бо супориши роҳбарияти Фаронса бо баъзе аз чеҳраҳои сиёсии вақти Афғонистон, аз ҷумла вазири вақти ҳукумати ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ вохӯриҳо карда будам. Баъди ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар ИМА ва шурӯи ҷанг алайҳи терроризм дар Афғонистон Тоҷикистон аз шарикони муҳими низомии мо дар минтақа буд ва мо дар Фурудгоҳи Душанбе то соли 2013 пойгоҳи логистикие доштем”. 

Клод Бланшмэзон ба идомаи равобити Тоҷикистону Фаронса изҳори бовар кард ва гуфт, оғози ин ҳамкориҳо дар сатҳи бисёр баланд буд ва идомааш ҳам бояд бисёр хуб бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *