Боздошти Нуриддин барои таълимоти ғайриқонунӣ
Нуриддин Тоҷибоев, сокини 41-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом ба гумони таълими динӣ ва шомил сохтани шогирдаш ба равияи дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” дастгир шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки “ин ҷавон, ки мехост дониши динияшро мустаҳкам созад, аз сабаби надоштани маълумоти динӣ тавсияҳои мударрисро қабул намуда пайравӣ кардааст, то он даме, ки нодуруст ва ғайриқонунӣ будани он барояш маълум гашт”.
Дар барнома ҷавон мегӯяд, ки “моҳи декабр ҳамроҳи бачаҳо нишаста будем. Домуллоро таъриф карданд, ки илмашон зур аст. Бо шавқи зиёд ба наздашон рафтам”.
Қайд мешавад, ки Нуриддин Тоҷибоев аз соли 2009 узви равияи “Салафия” буда, ба тарғиби он машғул будааст. Мақомот мегӯянд “аз манзили истиқоматии ӯ адабиёте дарёфт гардиданд, ки мазмун ва моҳияти он хусусияти экстремистиро дар бар мегирад”. Худи Нуриддин Тоҷибоев мегӯяд, ки “китоби “Ҳадя” муаллифаш ибни Бос, мехондам, туҳфа буд”.
Нисбати ӯ бо моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.
Равия “Салафия” бо ҳалномаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 — уми январи соли 2009 дар ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ