Соҳибкорони Хатлон дар ноҳияи Ашт

Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодии дуҷониба ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату савдо соҳибкорон аз вилояти Хатлон ба ноҳияи Ашт рафтаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт, меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони дахлдор қабул намудааст.

— Дар оғоз роҳбари ноҳия бо гуруҳи соҳибкорони ҳудуди вилояти Хатлон суҳбати самимӣ ва сарироҳӣ анҷом дода, барои ташрифашон изҳори сипос намуд. Сипас, боздид аз ҷараёни коргоҳи ҷӯроббофӣ ва коркарди нахи пахта, ки бо 600 ҷойи корӣ бунёд мегардад, ҷараён гирифт. Ба тоҷирони муваффақ вобаста ба иқтидор ва имкониятҳои корхонаҳои азим маълумоти муфассал дода шуд,- меафзояд манбаъ.

Дар идома соҳибкорон аз боғи интенсивии «Олами ангур», ки 120  намуди ангур парвариш мегардад, дидан намуда, вобаста ба тарзи бунёд ва обёрӣ аз Толибҷон Мақсудҷонов, ки аз зумраи таъсисдиҳандагон аст, посухи амиқ гирифтаанд.

Инчунин, меҳомонон бо ҳавзҳои моҳӣ ва маркази сайёҳии ҶДММ «Рахшона» шинос шудаанд. Шуҳрат Муҳаммадзода доир ба парвариши моҳӣ ва намудҳои он, имкониятҳои мусоиди қабули сайёҳон маълумот додааст.

Ҳамзамон, боздид аз боғи гелоси интенсивии «Ибрат» ҷараён гирифтааст. Боғи гелоси интенсивии «Ибрат», ки аз 11 гектар иборат аст, бо технологияҳои муосир обёрӣ гардида, дар он намудҳои гуногуни гелос парвариш мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *