Боздошти қочоқчиёни тоҷик дар марзи Қирғизистон
Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, ки дар гузаргоҳи марзии ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд 24 тонна сӯзишвории қочоқӣ ошкор ва боздошт шудааст. Ботканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Дар хабари расмии марзбонҳои Қирғизистон гуфта мешавад, ки субҳи 13 март ду шаҳрванди Тоҷикистон талош доштанд бо ду мошини борбар дар макони дур аз назорати марзбонӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон сӯзишвории бидуни қайдро ворид кунанд. Ҳангоми талоши убури марз дар 250-метрии сарҳад ин мошинҳо ва соҳибонаш боздошта шуданд.
Соҳибони бори қочоқӣ ба пардохти ҷарима муваззаф шуда, сӯзишвории мусодирашуда ба ихтиёри кормандони хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дода шуд. Ноябри соли 2017 нахуствазири Қирғизистон Сапар Исоқов супориш дод, ки назорат аз қочоқи сӯзишворӣ шадидтар шавад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ