Ба Ӯзбекистон бо шиносномаи хориҷӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Узбекистон сафар намоянд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон низ ин созишномаро шарҳ дода ва гуфтааст, ки он то ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромадааст. Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми март дар тавзеҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон гуфтааст, ки сафари сокинон ба кишварҳои якдигар, танҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо, амалӣ хоҳад шуд.Президентҳои  Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 9-уми март созишномаеро ба имзо расониданд, ки будубоши бераводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯзро пешбинӣ мекунад.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон мегӯяд, ки ҳоло барои суръат бахшидан ба ин раванд, бо ҳамтоёни узбекистониашон ҳама талошҳояшонро анҷом медиҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон айни замон гуфтааст, ки ин санад эътибор пайдо накардааст ва рӯзи ба иҷро даромадани онро иловатан хабар хоҳанд дод.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *