Боздошти қотил баъд аз панҷ сол

Қотили як сарроф баъди панҷ соли ҷустуҷӯ  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Суғд мегӯянд, ки Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов – соли 2012 саррофи маҳаллаашонро ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда будааст.

Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии Суғд,  гуфтааст,ки  «гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин солҳо аз пайи изи гумонбари аслӣ буд ва барои дастгир намуданаш кор мебурд». Ӯ афзуд, «Абдулло Эшонқулов баъди куштори саррофи 26-сола ҳамроҳи як гурӯҳ ба ҷинояти ғоратгарӣ даст задааст. Шариконаш дастгир мешаванд ва Эшонқулов ба Русия фирор мекунад. Аз баёноти шарикони Эшонқулов маълум шуд, ки саррофро ҳам ӯ ба қатл расондааст ва баъди омаданаш аз Русия дарҳол дастгир шуд.»Алайҳи Абдулло Эшонқулов бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – «дуздӣ» ва «роҳзанӣ» – парванда боз шудааст. «Ҳоло тафтишот муайян хоҳад кард, ки Эшонқулов чӣ қадар маблағи саррофро аз худ намудааст,» — гуфт Акбар Шарифов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *