Боздошти қотил баъд аз панҷ сол
Қотили як сарроф баъди панҷ соли ҷустуҷӯ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Суғд мегӯянд, ки Абдулло Эшонқулов – сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов – соли 2012 саррофи маҳаллаашонро ба қатл расонда, пас аз он дар Русия паноҳ бурда будааст.
Акбар Шарифов, масъули дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии Суғд, гуфтааст,ки “гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин солҳо аз пайи изи гумонбари аслӣ буд ва барои дастгир намуданаш кор мебурд”. Ӯ афзуд, “Абдулло Эшонқулов баъди куштори саррофи 26-сола ҳамроҳи як гурӯҳ ба ҷинояти ғоратгарӣ даст задааст. Шариконаш дастгир мешаванд ва Эшонқулов ба Русия фирор мекунад. Аз баёноти шарикони Эшонқулов маълум шуд, ки саррофро ҳам ӯ ба қатл расондааст ва баъди омаданаш аз Русия дарҳол дастгир шуд.”Алайҳи Абдулло Эшонқулов бар асоси ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “дуздӣ” ва “роҳзанӣ” – парванда боз шудааст. “Ҳоло тафтишот муайян хоҳад кард, ки Эшонқулов чӣ қадар маблағи саррофро аз худ намудааст,” – гуфт Акбар Шарифов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ