Боздошти порагир барои дохил намудан бо колеҷ

Як сокини 51-солаи шаҳри Хуҷанд, бо гумони гирифтани пора барои дохил намудани довталаб ба Колеҷи тиббии шаҳр, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардид.

Гумонбаршуда, 17-уми апрели соли 2017 аз зани 22-солаи сокини ноҳияи Ашт барои дохил намудани шиносаш ба коллеҷи мазкур ҳамчун пора 700-доллари амрикоӣ талаб намуда, тахминан соати 19:30-дақиқаи ҳамин рӯз дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир карда шуд. Далели шайъӣ пули нахт гирифта шуд.

Дар ин бора сомонаи расмии ВКД  хабар медиҳад. манбаъ менависад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *