Пешниҳоди мухлис: муҷозоти Комроншоҳ беэътибор дониста шавад

Мухлис ном шарҳнавис дар ҷавоби  муҷозоти  Устопириён аз  тарафи  гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона даъват ба амал овардааст, ки месазад барои бо медали нуқра аз мусобиқаи байналмилалии ҷудо — “Grand-Prix Antalya 2017 баргаштани Комроншоҳ Устопириён  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муҷозоташро пеш аз муҳлат бекор намояд.

Ин шарҳнавис аз ҷумла навиштааст:  “Вақте Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён муҷозот эълон кард, ӯ инро мардонавор қабул кард ва узр ҳам пурсид.

Агар Кумитаи мазкур мардонавор дастоварди оламшумули охирини Қаҳрамони Осиё Комроншоҳи Устопириён ва дар ҷумлаи ҷудочиёни беҳтарини дунё мақом пайдо кардани ин паҳлавони ояндадорро ро ба инобат гирифта, муҷозотро пеш аз муҳлат бардорад, рафтори хеле оқилонае мекард”.

Ба андешаи Мухлис “чунин таҷриба дар олами варзиш вуҷуд дорад. Дар ин сурат ҳам мардонагии Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён исбот ва ҳам адолату шаффофияти кори масъулини варзиши кишвар дар чашми мардум барқарор хоҳад шуд. Зимнан, чунин таҷриба ба такрор мегӯям, ки дар давлатҳои мутаррақии олам роиҷу равост! Боз  ёдовар шавам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо ягона касе, ки ба кишвар нангу номи қаҳрамонӣ аз қораи Осиё овард, Комроншоҳ буд!!!”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *