Боздошти роҳбаладони нашъаҷаллоби тоҷик

 Ду роҳбалади қатори мусофирбари самти “Душанбе-Маскав”-ро додгоҳи вилояти Астрахани Русия  дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҷрим шинохтааст.   Бино ба иттилои  намояндаи Додситонии вилояти Астрахан Юлия Свитина, Азамқул Носиров ва Алишер Одинаев дар маҷмӯъ 16 сол аз озодӣ маҳрум шуда ва ин муҳлатро дар маҳбаси низомашпурзӯр пушти сар хоҳанд кард. Бар илова Носиров 400 ва Одинаев 300 ҳазор рубл ҷарима шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин ду роҳбалад моҳи октябри соли 2015 боздошт шуда, ҳукмашон имрӯз, 28 ноябр содир шудааст.   Намояндаи додситонӣ мегӯяд, Азамқул Носиров ва Алишер Одинаев дар вагони таҳти ихтиёрдоштаи худ 30 кило ҳероинро пинҳон карда, мехостанд вориди Русия созанд, аммо аз сӯи кормандони Раёсати марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт гардидаанд.   Ин дар ҳолест, ки қаблан, Усмон Қаландаров, ноиби раиси корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфта буд: “Дар ин корхона қоидае амал мекунад, ки бар асоси он агар як роҳбалад ба интиқоли нашъа даст занад, тамоми ҳайати кормандони қатор аз кор озод мешаванд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *