ВКД хабар медиҳад. Боздошти ронандаи таксӣ дар Душанбе, дуздӣ дар Ҳисору Исфара
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 48-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки 22-юми январи соли равон, ҳангоми дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ба автомашинаи кироякаш (таксӣ) савор шудан аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А54” афтидааст.
Баъдан ронандаи таксӣ аз дохили автомашина телефони ин занро дарёфт ва ба маблағи 2 ҳазору 900 сомонӣ фурӯхтааст.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд”,-иттилоъ медиҳад ВКД.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми январи соли 2024, марди 41-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонааш даромада, аз он ҷо 1-адад асбоби кафшергарӣ ва дигар таҷҳизоти сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 32 ва 34-солаи сокинони шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, шаби 18 ба 19-уми январи соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 55-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо либосҳои занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ