Маҷмааи меъмории “Майдони Ғалаба”-ро ба ҷойи дигар мекӯчонанд

Дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев, дар заминаи ёдгории меъмориву монументалии “Майдони Ғалаба” роҳи гирдогашти дусатҳа ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон бо мақсади татбиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда, қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба ҷойгиронии маҷмааи меъмории  “Майдони Ғалаба” дар мавзеи нави интихобшуда, ҳудуди “Боғи Ғалаба” ба тасвиб расидааст.

 “Бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, ҷиҳати ба назар гирифтани таклифу пешниҳодҳои мутахассисони соҳа ва ҳифз намудани унсурҳои маҷмааи меъмории мазкур, бо ҷалби мутахассисони варзида аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, ҳайкалтарошон ва олимону донишмандон корбарӣ идома дошта, дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди “Боғи Ғалаба” корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад”,- иттилоъ доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *