Боздошти сарвазири собиқ

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Сарвазири пешинии ин мамлакат  Ҷанторо Сотиболдиев, ки солҳои 2012-214 вазифаи сарвазириро ба дӯш дошт, бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст.

Собиқ сарвазиро дар доираи парвандаи навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек (МГБ) боздошт гардида, ӯ  ба “ширкат дар ҷиноят” ва “коррупсия” айбдор шудааст. Собиқ сарвазири  дигари Қирғизистон Сафар Исҳоқов  аввали моҳи  июн бо ҳамин ҷурм дастгир шуд.

Навсозии МГБ моҳи апрели соли 2014 оғоз ва моҳи августи соли 2017 ба поён расид. Ба он 386 миллион доллар воми Чин сарф карда шуд. Корҳои бозсозиро ширкати чинии TBEA анҷом дод. 26 январи имсол дар марказ садама рух дод, ки дар натиҷа сокинон ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар сардии 30-дараҷаӣ бидуни гармӣ монданд.

Комисияҳои ҳукумативу порлумонӣ ба хулосае омаданд, ки “омодагии раҳбарони бахши энергетикӣ ба зимистон заъиф буду ба саҳлангорӣ роҳ дода шуд”. Аз рӯи парвандаи бозшуда дар додситонии кул чанд раҳбари бахши энергетика боздошт шуданд. Комисияи вакилони порлумонӣ хост, ба кори раҳбароне баҳои ҳуқуқӣ дода шавад, ки ба санадҳо имзо гузоштаанд. Дар ин феҳраст номи 30 вазиру раҳбарони пешини ҳукумат зикр шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *