Ду муноқишаву як куштор

Сомонаи ВКД дар мавриди ду ҳодисаи муноқиша бо истифода аз кордкашӣ итилоъ додааст, ки якеаш бо марги ҷавонзани 32 сола ва дигари бо захмбардоштану дар бемористон бистарӣ гаштани ҷавонмарде анҷом ёфтааст:

                        Қатли ҳамсар дар заминаи ҷангу ҷанҷол

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Номбурда рӯзи 18-уми июни соли 2018, тахминан соати 07:50-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсари 32-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 11-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

                           Авбошӣ аз сабаби хусумати шахсӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 17-уми июни соли 2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт аз сабаби хусумати шахсӣ бо марди 23-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба рони пояш задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *