Боздошти се сокини Ёвон бо гумони тасарруфи молу мулк (аудио)

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти се нафар сокинони ноҳияи Ёвон, ки 17-18-солаанд, хабар дод. Онҳо бо гумони тасарруфи молу мулки ғайр дастгир шудаанд.

Манбаъ менависад, ки дар асоси аризаву муроҷиати сокинони ноҳияи Ёвон дар мавриди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маводи хӯрока ва маблағҳои пулӣ аз мағозаҳо бо шикастани дару тирезаҳои мағозаҳо ва воситаҳои нақлиёташон, аз ҷониби кормандони шуъба гуруҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ се нафар аз сокинони ноҳияи мазкур, ки 17 ва 18-сола мебошанд, бо гумони тасарруфи молу мулки ғайр дастгир гардиданд.

Гуфта мешавад, ки гумонбарон Қурбоназарзода Лутфулло, Давлатов Парвиз (пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд) ва Рустамов Нозим мебошанд, ки чанд муддат ба дуздии молу мулки шаҳрвандон даст задаанд.

Тавре дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ин се нафар шабона, ҳангоми дар гирду атроф набудани одамон, бо шикастани дару тирезаҳои мағозаҳои хӯрокворӣ, ба онҷо ворид гардида, маводи хӯрока ва маблағҳои пулиро тасарруф менамоянд, инчунин бо ҳамин тарзу усул аз дохили воситаҳои наклиёти шаҳрвандон маблағҳои пулӣ, флешкортҳои мусиқавӣ ва ашёҳои ба худашон дастрасро ба яғмо бурдаанд, ки бо ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ ба шаҳрвандон зиёда аз 20 000 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Ҳамчунин, маълумот дода мешавад, ки ин се нафари ҷиноятпеша дар 12 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, нисбаташон дар шуъбачаи тафтишотии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *