Муштзани машҳур Владимир Кличко аз бокс рафт

Муштзани украинӣ Владимир Кличко, дар сини 41 солагӣ аз бокс рафт. Кличко дар як муроҷиати видеоӣ ба мухлисонаш гуфт, ки баъди ин аз пайи пешбурди бренди хусусияш мешавад.

«Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки чунин корномаи тӯлонӣ ва муваффақи варзишӣ хоҳам дошт — ман аз самими қалб ба ҳамаи шумо ташаккур мегӯям»- гуфт Кличко дар муроҷиати видеоии 3 август ба мухлисонаш.

Истеъфои Кличко дар ҳоле эълон шуд, ки ӯ моҳи апрел дар даври 11-уми бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон, аз Энтонӣ Ҷошуа, варзишгари 27 солаи Британия шикаст хурд.

Виталий Кличко, бародари Владимир Кличко, ки ҳоло шаҳрдори Киев аст, дастпӯшҳои муштзаниро соли 2013 канор гузошт.

Корномаи варзишии Владимир Кличко соли 1996 замоне шурӯъ шуд, ки ӯ дар дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Афина медали тилло ба даст овард. Владимир Кличко аз 69 муҳориба дар 64-тоаш пирӯз шуд ва унвонҳои қаҳрамонӣ гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *