Боздошти Тоҳир вазъи Бадахшонро муташанниҷ мекунад?

Бино ба хабарҳои расида, рӯзи 3 январ вазъ дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар пайи боздошти Тоҳир Карамалишоевич Мамадбоқиров, бародари яке аз лидерони ғайрирасмии ин минтақа Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир) тезутунд шудааст.

Тоҳир Мамадбоқировро, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, кормандони милитсия дастгир кардаанд. Дар пайи даҳҳо тан аз тарафдорони Боқир дар маҳаллаи УПД ҷамъ шудаанд. Тоҳир Карамалишоевич Мамадбоқиров, бародари Боқирро бо иттиҳоми итоат накардан ба амри кормандони милиса боздошт кардаанд.Ташаннуҷи навбатии авзоъ дар Бадахшон дар ҳолест, ки аз миёнаҳои моҳи сентябр дар инҷо амалиёти вижаи «барқарор кардани тартибот” идома дорад. Ин амалиёт дар пайи интиқоди тунди президент аз вазъи вилоят оғоз ёфт. Исми Тоҳир Мамадбоқиров қаблан як дафъа, дувуним моҳ пеш дар як гузориши телевизионии маркази матбуоти ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ садо дода буд.Дар он гузориш гуфта мешуд, ки шоми 20 октябр як гуруҳи ҷавонони шаҳри Хоруғ иборат аз 70 нафар дар ҳолати сархушӣ хостаанд, ки ба фаъолияти қонунии дидбонгоҳи БДА дар кӯчаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови шаҳри Хоруғ монеа эҷод намоянд.Ситоди байниидоравӣ дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти дигар надодааст, вале дар гузориш гуфта мешавад, ки «номи ин афрод, ташкилкунандагон ва коргардонҳои чунин кӯшишҳои ташкил кардани бенизомӣ ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят дақиқ маълум буда, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.Дар титрҳои гузориш исми 43 нафар аз иштирокчиёни ин «кӯшиши мониагузорӣ ба фаъолияти дидбонгоҳи БДА” низ оварда шуд, ки дар байни онҳо наздикони лидерони ғайрирасмии Бадахшон, аз ҷумла Маҳмадалӣ Толибович Аёмбеков – писари Толиб Аёмбеков ва Тоҳир Карамалишоевич Мамадбоқиров – бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров низ буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *