Чӯпонро кӣ ва барои чӣ дуздид?

Як нафар чӯпонро аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гурӯҳи номаълуме аз он сӯи сарҳад бурдааст.

 Манбаъҳои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки Тӯрахон Нурматов дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон чӯпонӣ мекард. Ҳодиса рӯзи якуми январи имсол иттифоқ афтодааст ва ҳоло ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.Тӯрахон Нурматови 42-сола сокини ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст, аммо чанд сол боз дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекунад. То ба ҳол сабаби рабуда шудани чӯпонӯ ва ҳамин тавр дар куҷо буданаш низ маълум  нест. Назорат дар марз шадиддат шудааст.Соҳиби чорвое, ки Тӯрахон Нурматов онҳоро бонӣ мекард, сокини ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саймуддин Қурбонов буда, се сол пеш бо гунҳи қочоқи маводи мухаддир ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст. Тавре ҳамроҳи чӯпони рабудашуда гуфтааст, онҳо ду чӯпон будаанд. Тибқи таҳқиқи ибтидоӣ, гуруҳи ношинос чӯпони ҷавонтарро бо худ бурдаанд ва чӯпони нисбатан пир дар чаро мондааст. Чӯпони дувум нақл кардааст, ки ин гуруҳ афғонҳо нимирӯзӣ ба онҳо наздик шуда нахуст обу нон талабиданд. Тӯрахон Нурматовро бегоҳӣ бурдаанд. Юсуф Табаров, раиси ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба расонаҳо  гуфтааст:»Дирӯз ҳамроҳи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ба ҷои нигоҳубини чорво рафта будем. Ба ҷуз онки ҳодиса рӯзи якуми январ иттифоқ афтодааст, феълан чизи дигаре ба мо маълум нест.» Ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест. Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро на рад ва на тасдиқ накарданд. Танҳо гуфтаанд, ки “агар хабаре шуд, бо расонаҳо дар миён мегузоранд”.Дар гузашта низ ҳодисаҳои аз ҷониби сокинони Афғонистон ба он сӯи марз бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой дошт ва он бештар ба “додугирифти маводи мухаддир» рабт дошт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *