Боздошти волидайн барои ҷалби кӯдакон ба гадоӣ
Дар Душанбе чанд зан барои ноболиғони худро ба гадоӣ машғул кардан боздошт шуданд.
Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Мадамонова Иқболбӣ, Камолова
Нодира ва Қурбонова Ҷаварбӣ кӯдакони худро маҷбур кардаанд, ки дар кӯчаҳо гадоӣ кунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолат тафтишотро оғоз кардаанд. Мувофиқи қонунгузорӣ, истифодаи кӯдакон барои амалҳои ғайриқонунӣ ё таъсиррасонии ҷисмонӣ ва маънавӣ ба онҳо, ҳамчун қонуншиканӣ шадидан маҳкум мешавад.
Мақомоти корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ҳар як волидайн масъул аст, ки тарбияи дуруст ва амнияти кӯдаконро таъмин кунад. Истифодаи кӯдакон барои гадоӣ на танҳо зидди қонун аст, балки ҳуқуқҳои асосии кӯдакро низ поймол мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ