Боздошту ҷарима барои «кокс»
Мақомоти милитсия аз боздошту ҷаримабандии ронандае хабар дод, ки аз ҷойи исташ ба қавле «кокс» додааст.
Дар хабарнома омадааст, ки 24-уми марти соли ҷорӣ як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навори қоидавайронкунии ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, шахсияти ронанда ва макони содиршавии қоидавайронкунии мазкур муайян карда шуд.
Ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 23-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон содир шуда, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 1200CD01 шаҳрванд Меликов Меҳроҷиддин Сироҷиддинович, санаи таваллудаш 31.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Федина мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардид.
Чуноне дар навор дида мешавад номбурда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, автомашинаи худро яку якбора аз ҷойи ист ба ҳаракат даровардааст, ки бо ин мали худ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Меликов Меҳроҷиддин тибқи талаботи моддаи 325 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати дар оянда такрор накардани чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ