Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Зиндагинома. Ҷамолиддин Абдуллозода 9-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси кори табобатӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ. Фаъолияти кориашро соли 1989 ҳамчун табиб-интернаи шуъбаи ҷарроҳии Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №2 ба номи академик К. Тоҷиев оғоз намуда, минбаъд то соли 2008 ҳамчун табиби ҷарроҳ ва мудири шуъбаи Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2008-2014 директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №3, солҳои 2014-2017 директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ ва солҳои 2017-2020 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Ҳамчунин, солҳои 2002-2020 дар кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, дотсенти кафедра, узви Шӯрои диссертатсионии ДДТТ, профессори кафедра ва мудири кафедра кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми майи соли 2020 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Унвони илмӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор мебошад.

Қадршиносӣ. Бо медали “Шафқат” (соли 2009) ва унвони фахрии “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2015) сарфароз гардонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *