«Бозгашт»-и Президент. Аскар Акаевро оварданд ё худаш омад?

Собиқ президенти Қирғизистон Аскар Акаев, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, баъди 16 сол ба Бишкек баргашт.

Акаев тӯли ин солҳо дар Маскав зиндагӣ мекард ва бо даъвати мақомоти амнияти Қирғизистон барои бозпурӣ ба Бишкек оварда шуд.

Аз фурудгоҳ ба маҳбас

Бозгашт ё истирдоди Аскар Акаевро расонаҳо ба ҳар навъ баҳогузорӣ карданд ва бештар дар мавриди иҷборан овардани ӯ навиштанд. Вале худи Акаев дар суҳбати нахустинаш гуфта буд, ки бо хоҳиши худ омадааст. Ин ҳолат бо чанд далел қобили таваҷҷуҳ аст. Аввалан, бесабаб нест, ки президенти фирорӣ ба он ҷое, ки то ҳол ҷинояткор ҳисобида мешавад, баргардад. Сониян, Акаев дар мурофиаи судӣ ширкат хоҳад кард, ки сарнавишти тиллои Қирғизистон, яъне бузургтарин кони Осиёи Марказиро ҳал мекунад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки Акаевро ба пойтахт «бурда» ва «фавран ба гурӯҳи тафтишоти байниидоравӣ супурдаанд».  Дар ҳамин ҳол, дар бахши қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои Акаев, ки  мустақилона аз зинапояи ҳавопаймо фуруд меомад, дида мешаванд. Ӯ завлона надошт…

Миннатдории  Акаев ба Ҷапаров

Феликс Кулов, сиёсатмадори маъруф дар Қирғизистон гуфт, ки худи Акаев ба Бишкек парвоз карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо тафтишот изҳор кардааст. Аскар Акаев шоми 2 август баъди бозпурсӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба назди хабарнигорон баромада гуфт, ки ӯ бо мақомоти тафтишотӣ «барои ҳамкорӣ» омадааст.

— Ман аз президент Содир Ҷапаров миннатдорам, ки ба ман имконият дод, ки ба Қирғизистон оям. Ӯ иҷозат дод ва ман хеле хушҳолам, зеро бори аввал дар 16 сол ман ба ватан баргаштам … Ман барои ҳамкорӣ омадам, кумак кардам ва ҳама чизеро, ки дар бораи Кумтор медонам, мегӯям. Шумо медонед, ки ман аз ин лоиҳа шикоят дорам: Кумтор дар зери назари ман сохта шудааст. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ба тафтишот кумак кунам ва шаҳодат диҳам. Ман аз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ миннатдорам — дар ин ҷо маро бо меҳрубонӣ пазируфтанд, — гуфт Акаев

Боқиев ҳам «меояд»?

Аскар Акаев тафсилоти бозпурсӣ ва парвандаи ҷиноиро, ки дар он бозпурсӣ шуд, нагуфт. Вай афзуд, ки ӯ аллакай бо президенти феълӣ Ҷапаров дар қароргоҳи Ала-Арча мулоқот кардааст. Акаев итминон дод, ки тақрибан як ҳафта дар кишвар хоҳад монд ва дар давоми он ният дорад, ки ба бозпурсӣ ҳозир шавад, то «ошкоро, самимона бигӯям, ки чӣ тавр Кумторро сохтем, чаро онро сохтем ва кадом хатогиҳо содир шуданд.» Кони тиллои Кумтор солҳои тӯлонӣ мавриди баҳсҳои молиявӣ ва экологӣ қарор дошт. Ҳоло ин майдон мавзӯи муборизаи шадид барои назорат байни давлати Қирғизистон ва ширкати канадавии Centerra Gold аст, ки ин майдонро коркард мекунад.

Дар ҳамин ҳол, раиси КДАМ-Қирғизистон  Камчибек Ташиев рӯзи 8 июл гуфта буд, ки Акаев ва  президенти дигари фирории Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар доираи таҳқиқи парвандаи эҳтимолии фасод дар Кумтор таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд. Ташиев гуфт, ки ҳукумат ният дорад дар додгоҳи байналмилалӣ исбот кунад, ки Centerra Gold ба мақомоти баландпояи Қирғизистон ришва додааст.

Акаев ҳангоми инқилоби ба истилоҳ “лолаӣ” дар соли 2005 ба Русия фирор кард. Қурмонбек Боқиев, ки пас аз фирори Акаев ба қудрат расид, дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар соли 2010 низ барканор шуд ва аз он замон то кунун дар Беларус ба сар мебарад. Минск талабҳои Бишкекро дар бораи истирдоди Боқиев, ки дар хона ғоибона бо иттиҳоми шарикӣ дар қатли тазоҳуркунандагон, сӯиистифода аз мақом ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, рад кард.

Дӯсти Тоҷикистон

Аскар Акаеви 76-сола дар натиҷаи инқилоби “лолаӣ” аз вазифаи президентӣ барканор шуд. Ӯ аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Баъди фирораш ба Маскав ҳатто барои маросими дафни хешовандони наздик ба кишвараш намеомад ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Акаев бо Қазоқистон робитаи зич дошт. Соли 1998 ӯ бо Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистони қудо шуд. Духтари хурдии роҳбари Қазоқистон Алия бо писари калонии президенти Қирғизистон Айдар издивоҷ кард. Ин издивоҷ, ки ба назари бисёриҳо иттифоқи геополитикӣ ва ҳалли фоидаовар аз ҷониби раҳбарони ду давлати Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад, пас аз се сол барҳам хурд. Айдар Акаев моҳи феврали соли гузашта дар Маскав даргузашт, сабаби марг бемории дил будааст. Алия Назарбоева, пас аз талоқ бо Акаев, чанд маротибаи дигар ба шавҳар баромад.

Акаев ба Тоҷикистон низ назари нек дошт ва дӯсти кишвари мо ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар раванди сулҳи Тоҷикистон фаъолона ширкат дошт.

Ҳоло сарнавишти собиқ Президенти  Қирғизистон чӣ хоҳад шуд, маълум нест, вале агар ӯ пас аз як ҳафтаи ваъдакардааш ба Русия барнагардад ва ё нисбаташ ягон чораҷӯии дигар шавад, ин ба обрӯи Путин, ки ӯро гӯё “раҳо” кардааст, низ зарба хоҳад зад…

А.АҲМАДЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *