Баъди тӯй нақора чаро? Вокуниши Кумитаи забон
Вокуниши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзноманигор Мухтори Сайидбурҳон тариқи рӯзномаи «Тоҷикистон» дар таърихи 28-уми июли соли 2021, №30 (1437) «КАҶРАВИИ ДЕВОР АЗ КӢ ВОБАСТА АСТ?» «қанди порсӣ»-ро намакаш бисёр шуд» мақола навишта, бо масъалаи марбут ба таҳлили фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст задааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки камбудиҳои “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, бо қаламаш, ки дар он қоидаҳои имло риоя нашудаанд, пешниҳод намояд.
Боиси зикр аст, ки гурӯҳи кории Кумита соли 2020 тариқи сатрҳои равони шабакаҳои телевизионӣ эълон манзур намуда буд, то ҳар як соҳибзабон, устодон ва олимону мутахассисони забоншинос пешниҳодҳои худро ба Кумита ҷиҳати такмили лоиҳаи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” пешниҳод намоянд. Кумита низ дар ин давра беш аз 60 пешниҳоди мутахассисон, аҳли зиё ва соҳибзабононро, ки вобаста ба мушкилоти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ворид гардида буданд, баррасӣ карда, пешниҳодоти қобили қабулро ба лоиҳаи Қоидаҳои имло ворид намуд. Мутахассисони Кумита бо ҳар як фарди саҳмгузор ҳамсуҳбат шудаву мавзӯъро баррасӣ намуда буданд. Таҳлилу ҳангомаҳои беасоси муаллиф бошад, баъди тӯй нақоразанисту бас, зеро тасдиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо мақсади рушду густариши забони давлатӣ дар кишвар буда, ҳарчи зудтар бо роҳи осону оммафаҳм баланд бардоштании сатҳи саводи имлоии соҳибзабонон мебошад.
Маълум мешавад, ки муаллиф дар таҳияи мақолаи худ дар ин раванд тариқи рӯзнома маълумоти нодуруст ва барғалатро пешниҳод намудааст, ки далели он ба саросемагӣ ва шитобкорӣ роҳ додани муаллиф аст..
Сониян, муаллиф ва боз чанде аз мухбирони расонаҳои иттилоотии хусусӣ (ғайридавлатӣ) “дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бетағйир мондани мувофиқат накардани мубтадо бо хабар”-ро мавриди баҳсу мунозира қарор додаанду муаллиф низ бе овардани далел аз кӯҷое ин фикрҳоро рабуда ва таҳлилаш хом мондааст. Дар посух ба чунин ақида, мо хуб медонем, ки шахси муътабар ё устодеро, ки барои иззату эҳтиром бар ӯ бо ҷонишини “шумо” муроҷиат намудан ва бо хабар ё феъли шакли ҷамъ корбурди муошират дар забонамон роиҷ аст, аммо муаллиф мехоҳад, ки ин қоидавӣ бошад. Вале барои мардуми олам анъанаи бо Шумо муроҷиат кардан таърихи дерина дорад. Зеро аз қадим дар фарҳанги мо тоҷикони мовароуннаҳрӣ низ ин қоидаи нонавишта роиҷ аст ва ба хотири иззату эҳтиром дигар миллатҳо низ ин анъанаро истифода мебаранд. Ин иштибоҳ нест ва тибқи фарҳанги мардумони баландмаърифат дар расмияти аксари кишварҳо роиҷ аст.
Аз ин рӯ, имло ба поси хотири кӣ истисно шудааст, муаллиф ин даъворо дар зерфасли мақолааш бо номи “Таассуфи Президент” овардааст.
Тазаккур мекунем, ки маънои вожаи имло навиштан аст. Аз ин рӯ, дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳар як вожаи худии забон ва калимаҳои иқтибосшуда низ дар асоси савтиёти забони тоҷикӣ муайян шуда, тарзи навишти онҳо барои истифодабарандагони забони тоҷикӣ нишон дода шудааст. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мувофиқат накардани мубтадо ба хабар бошад, ба муаллиф ёдовар мешавем, ки ин ҳалли масъалаи мазкурро дар грамматика ҷӯяд, зеро он ба Грамматикаи забони адабии тоҷикӣ вобаста аст, на ба имло.
Дар мавриди корбурду дарки мафҳум ва маънои вожаҳои шоир ва шоира, раис ва раиса, муаллим ва муаллима барин калимаҳо, ки вазифаву мансаб, унвон ва ё рутбаву нисбаро ифода мекунанд, ягон давру замон дар расмиёти коргузорӣ ҷинсияти ин гуна вожаҳо навишта намешуданд, зеро аз аввал онҳо дар расмиёти коргузорӣ хато шинохта шуда буданду муаллиф аз ноогоҳӣ ба қоидаҳои имлои нав мақолаашро омода намудааст. Чунки мо ба хабарнигори радиои Озодӣ низ ба ҳамин суол посух дода, гуфта будем, ки шоираи хушкаломи мо Гулрухсор Сафиева аз рӯи унвон Шоири халқии Тоҷикистон аст ё Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз рӯи мансаб раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва ғайра. Лекин барои нигаронӣ ва таассуфи муаллиф – Мухтори Сайидбурҳон ҷиҳати тақдири номҳои занона, аз қабили Раҳима, Шоира, Адиба, Шарифа, Мунира, Карима, Фирӯза, Насима ва ғайраҳо ёдовар мешавем, ки чунин мушкилот вуҷуд надорад ва ин гуна номгузориҳои занона (духтарона) ба фарзандон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” аз 27.07.2016, №325 ҳаллу танзими худро ёфтаанд ва ба раисаву муаллимаву котиба барин вожаҳо иртиботе надоранд.
Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назарам холисона буд!
Раҳим Зулфониён дар вокуниши хеш менависад: “…Кумита соли 2020 тариқи сатрҳои равони шабакаҳои телевизионӣ (?) эълон манзур намуда буд, то ҳар як соҳибзабон, устодону олимону мутахассисони забоншинос пешниҳоди худро ба Кумита ҷиҳати такмили лоиҳаи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” пешниҳод намоянд. Кумита дар ин давра беш аз 60 пешниҳоди мутахасис ва аҳли зиёро, ки вобаста ба мушкилоти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ворид гардида буданд, баррасӣ карда, пешниҳодоти қобили қабулро ба лоиҳаи Қоидаҳои имло ворид намуд…” Он сатрҳои равонро кӣ мехонад? Оё ҳама имкони хондани чунин сатрҳоро доранд? Чаро эълону лоиҳаи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” дар ВАО рӯи чоп наомад? Аз чӣ истиҳола кардед? Чаро аз ин баррасиҳо ба мардум нагуфтед? Магар 60 нафар ин доираи меъёри муайянкунадаи 9 миллион аҳолии Тоҷикистон аст?
Дар мавриди “мутобиқат накардани мубтадо бо хабар” мо дар ягон ҷое нагуфтем, ки он қоидавӣ бошад. Мо танҳо оид ба “истисно кардани қоидаҳои забон ба хотири поси шахсони ҷудогона раво мебошад… “ нуқтаи назари худро гуфтем. Шумо бошад, бардошти нодуруст карда, аз асли гуфтаи хеш ба хабарнигори радиои “Озодӣ” дурӣ ҷустаед. Биёед, як ба торих назар афканем. Магар то ба имрӯз касе аз адибон, забондонҳо ва адабиётшиносҳои мо гуфтаанд, ки “Рӯдакӣ гуфтаанд…, Айнӣ чунин мефармоянд…, Ибни Сино тавсия додаанд”.
Дар вокуниши масъули Кумита омадаст, ки “… ягон давру замон дар расмиёти коргузорӣ ҷинсияти ин гуна вожаҳо навишта намешуданд…”
Пас, магар 70 соли Шӯравӣ ин вожаҳои бо тарзи хато сохта шуда, мавриди истифода набуданд?
Вале, дар хусуси номҳои занона чӣ бояд, кард, ки он ҳама ба ҳамин шеваи дар боло зикр кардаи Кумитаи забон марбутанд. Яъне, мо гуфтанӣ ҳастем, ки агар дар кору вазифаву мансабу унвон модоме ҷинсият набошад , пас чаро дар номгузориҳо ҷинсият раво будааст?
Масалан, Фирӯз –Фирӯза; Мунир-Мунира; Шариф –Шарифа; Карим-Карима ва ғайра.
Ва шумо меоваред, ки “…калима дигар асту ном куллан дигар аст.” Аммо магар ҳамон ном ҳам аз калима иборат нест?
Дар маводи мо ягон таҳқир, дашном ва носазогӯӣ набуд ва нахоҳад шуд. Мо танҳо чанд нуктаи назарро холисона баррасӣ намудем, ки баҳси имрӯзи ҷомеа аст. Дигар ҳич!
Мухтори Сайидбурҳон
«Тоҷикистон» ба баҳс даъват мекунад!
Дар Тоҷикистон борҳост, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» боиси сар задани баҳсу мунозираҳо мегардад. Мутассифона, имлои нав низ мавриди баҳси мутахассисон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо ҷалби мутахассисон мехоҳад ба ин баҳс ҷамбаи илмӣ бахшад. Олимон, коршиносон, муаллимони забон ва адабиёт метавонанд ба ин баҳс ҳамроҳ шаванд ва назари худро нисбати илои нави забони тоҷикӣ баён кунанд. «Тоҷикистон» минбари озоди баҳсу баёни андеша аст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ