Бозгашти пулҳои Гулнора
Прокуратураи генералии Узбекистон тасдиқ кард, ки барои баргардонидани қисме аз дороиҳои марбут ба Гулнора Каримова аз Швейтсария талош дорад.
Сурайё Раҳмонова, сухангӯи ин ниҳод иттилоъ дод, ки музокира бо ҷониби Швейтсария идома дорад.Прокуратураи генералии Узбекистон моҳи июли соли гузашта дар бораи сарнавишти дороиҳoи Гулнора Каримова дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод.Пештар аз ин хабар расид, ки вакилони дифои Гулнора рӯзҳои 21-22 июни соли ҷорӣ бо нафари таҳти ҳимояташон дар зиндон мулоқот кардаанд. Наздики 810 миллион доллари ИМА, ки ба Гулнора Каримова — духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, дар бонкҳои Швейтсария банд шудааст. Расонаҳои Швейтсария 18 июн хабар доданд, прокуратураи ин кишвар қарор кард, ки 686.7 миллион франки дороии Гулнораро ба Узбекистон бидиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ