Кумита тарҳи ягонаро пешниҳод мекунад

Дар Кумитаи меъмории Тоҷикистон изҳор намуданд,ки  тарҳҳои намунавии бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, ҳаммом, сартарошхона ва ороишгоҳу дигар муассисаҳои иҷтимоиро таҳия кардаанд, ки хоҳишмандон метавонанд, дар шаҳраку деҳоти кишвар бунёд кунанд.

Кумита бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки тарҳҳоро баъди ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 26-уми май имсол таҳия кард, ки дар он аз вазорату идораҳо хоста шудааст, барои пешвози 30-солагии истиқололи Тоҷикистон саҳм бигузоранд.Дар эълони Кумитаи сохтмон омадааст, вазорату идораҳо, соҳибкорон метавонанд, тарҳҳои муносиб ба маҳаллеро интихоб кунанд ва барои “дастрас кардани тарҳҳо ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.”Кумита аксҳои баъзе аз намунаҳоро дар вебсайташ нашр кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *