Бозиҳои 5 Осиё: Тоҷикистон бо 51 медал 17-ум шуд
Дар рӯзи ёздаҳуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик 6 медал – 3 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Сомонаи КМОТ аз ин боб иттилоъ дода, меафзояд, ки медалҳои нуқраро дар намуди самбо Зафар Олимшоев ( -82 кг) ва дар намуди кикбоксинг Зуҳро Холова ( -52 кг) ва Фарҳод Расулов ( -74 кг) сазовор шуданд. Се медали биринҷиро бошад, самбочӣ Нозимҷон Охиров ( -62 кг), гуштигирони юнонӣ-римӣ Суҳроб Абдулҳаев (-80 кг) ва Мирзоамин Сафаров ( -98 кг) ба даст оварданд.
Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои 11 рӯзи мусобиқа шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 51 адад расид ( 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ) ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ишғол мекунад. Аз рӯи шумораи медалҳо бошад, дар ҷои 8-ум аст. Туркманистон бо 244 медал, аз ҷумла 89 тилло дар ҷои аввал аст. Чин, ки 93 медал, аз ҷумла 40 медали тилло ба даст овардааст, дар ҷои дуюм, Эрон бо 115 медал, аз ҷумла 34 тилло дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман, варзишгарони 36 даста (35 давлат) сазовори медали бозиҳо гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ