Рустами Эмомалӣ аз болоравии нархҳо дар зимистон пешгирӣ мекунад

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мақомот пойтахтро дастур додааст, то бо ҷоннок кардани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъмини захираи кофӣ ва ташкили нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулот аз боло рафтани нархи картошка, пиёзу сабзӣ, равғану орд ва ангишту ҳезум дар фасли зимистон пешгирӣ кунанд.

Рӯзи 26 сентябр дар иҷлосияи 12-уми маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати раиси ҳукумати пойтахт Рустами Эмомалӣ доир шуд, масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 баррасӣ шудааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар иҷлосия аз ҷумла «масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, кибо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла картошка, пиёз ва сабзӣ, равған, орд, ангишт ва ҳезум ҳамкориҳоро ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввалия бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намояд.”

Ҳамчунин ба мақомот дастур додаанд, то ҳамроҳ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар пойтахт нуқтаҳои сайёри фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро ташкил кунанд.

Ташкили нуқтаҳои сайёр ва ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар моҳи август имкон дода буд, ки дар шаҳри Душанбе аз афзоиши пурҳангомаи нархи маҳсулот дар арафаи иди Қурбон то ҳадде ҷилавгирӣ шавад. Аммо бо ин вуҷуд нархи як кило картошка дар бозорҳои пойтахт дар тӯли сол паст нафаромад ва дар ҳадди 3,50-4 сомонӣ боқӣ мондааст.

Дар иҷлосияи маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар чорчӯби барномаи тайёрӣ ба зимистон Рустами Эмомалӣ аз мақомот ҳамчунин иҷрои як силсила вазифаҳои дигарро тақозо кардааст. Аз ҷумла:

иҷрои бечунучароиомодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои мошину механизмҳо аз рӯи эҳтимолияти фаъолияти онҳо дар шароити аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок,

то оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба анҷом расонидани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳр ва дар ҳолати аз меъёр зиёд будани боришот андешидани чораҳои зарурӣ барои фавран бартараф намудани садамаҳо

таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар объекту иншоотҳои хоҷагии халқ, бахусус муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, бозору марказҳои савдо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дар ҳолати омодабош қарор додани тамоми нақлиётҳои оташнишонӣ

масъулини соҳаҳои обёрӣ вазифадор гардиданд, ки вобаста ба омода намудани системаҳои ирригатсионӣ барои фаъолияти муътадил дар мавсими тирамоҳу зимистон иҷрои корҳоро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намуда, қисмати озоди каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳри Душанберо аз гилу шағал ва партовҳо тоза карда, ҷиҳати сари вақт бартараф намудани мушкилиҳо ҳангоми аз меъёр зиёд гардидани боришот дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 тадбирҳои мушаххас андешанд.

-ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шуд, ки барои ба миқдори меъёрӣ таъмин намудани захираҳои саривақтии маводи безараргардонӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, ба роҳ мондани корҳои доимии безарар гардонидани оби ошомиданӣ ва сифатнокии он, инчунин таъминоти муътадили оби нӯшокӣ, анҷоми корҳои таъмириву профилактикӣ ва санҷиши фишори қубурҳои обтаъминкунӣ ва оби ғализ, таъмини фаъолияти мунтазами насосҳои эҳтиётӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, захира намудани сӯзишворӣ, дигар маводу ашёи зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмини хизматрасонии муътадил тадбирҳои бетаъхир андешад.

— масъулини сарраёсати маориф, раёсатҳои тандурустӣ ва фарҳанг уҳдадор шуданд, ки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва табобатиро бо маводи сӯзишворӣ ва ангишт бо пуррагӣ таъмин намуда, омода будани генераторҳои барқро назорат намоянд.

— сохторҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ба пуррагӣ пайваст шудани бинову иншоотҳо ва таъмини пурраи шиносномаҳои тайёрӣ ба қабули энергияи гармӣ, барқароркунии механизмҳои гармитақсимкунӣ то 25 октябри соли 2017 маълумоти муфассал пешниҳод намоянд ва ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ чораҳои заруриро сари вақт амалӣ намоянд.

— вазъи молиявӣ-иқтисодии корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанберо пурра таҳлил намуда, ҷиҳати захира намудани маводи сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ тадбирҳо андешида шавад

— инчунин дар оянда даст кашидан аз пошидани қуму намак дар роҳҳо ва истифодаи моеъҳои замонавӣ,

— сари вақт ворид намудани техникаҳои коммуналии нав.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ «аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб карданд, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар пешрафт, тараққӣ ва ободонии шаҳр дар роҳи фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.»

Дар иҷлосияи рӯзи 26 сентябр ҳамчунин ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудов Фазлиддин Абдусаломович, Мирзоев Тоҳир Хайруллоевич ва Шерзода Ситора Ҷалолро аз ҳавзаҳои интихоботии №58, №61 ва №67 пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Дар ин ҳавзаҳо рӯзи 19 ноябр интихоботи вакилони нав доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *