Бозиҳои XVIII Осиё: Беҳрӯз Хоҷазода ва Шаҳриёр Даминов медалҳои нуқраи Тоҷикистонро ба 3 адад расонданд

29-уми август чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило дар қувваозмоии аввали худ бар Мӯсо Собирови ӯзбекистонӣ ғолиб омад. Дар марҳилаи чорякфинал бошад, намояндаи Тайбэйи Чин Ҳуанг Чунтаро мағлуб карда, ба  даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар ин давр  Тазтак Умеди эрониро мағлуб сохт. Бояд гуфт, ки Беҳрӯз дар ҳар сеи ин рақобатҳо бо усули ҳалол  дастболо гардид.  Дар даври ниҳоӣ рақобати паҳлавонон Беҳрӯз Хоҷазодаи тоҷик ва паҳлавони эронӣ Алиакбари Илёси 30-сола бо гирифтани 1 имтиёзӣ  баробар ҷараён дошт. Аммо довар то ин дам ба паҳлавони эронӣ 1 танбеҳ  баҳо дод, ки Беҳрӯзро як қадам ба пеш баровард. Мутаассифона, то анҷоми  набард довар ба Беҳрӯз ду танбеҳ дод, ки ин боиси лағви 1 имтиёзи ӯ ва мағлубияташ гардид. Бад-ин минвол, Беҳрӯз Хоҷазода пас аз гурзпарто Дилшод Назаров медали дуюми нуқраро барои Тоҷикистон туҳфа овард. Дар натиҷа ин нишондод Тоҷикистонро аз ҷойи 32-юм як зина боло кард.

Мавриди зикр аст, ки Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи кураши БО-2018 нисбат ба ҳарифон  7 кило сабуктар аст (73 кг), ки ин ҳам таъсири худро дар даври финалӣ расонд. Вале паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило, ки дар даври аввал бар рақибонаш аз Ветнам ва Сурия дастболо шуд, дар чорякфинал аз Сарвар Шомуродови ӯзбекистонӣ мағлуб гашт. Ҳамзамон Шоҳида Қаландарова (– 57 кг  миёни занон) мусобиқаи аввалинашро бохта, аз идомаи Бозиҳо маҳрум гардид. Акнун барои медали тилло фақат аз паҳлавони номӣ Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) умед дорем. Саидҷалол Саидов (-100 кг)  ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) — дар сабқати мардон ба чӣ ноил мешаванд, имрӯзу пагоҳ маълум мегардад.

Дар мусобиқаи самбо, ки рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар шаҳри Ҷакарта доир мешавад, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар дар ду вазн — Сомон Сангов ва Ҷомии Ҳасан (ҳарду дар вазни зери 52 кило), Комроншоҳи Устопириён ва Умед Ҳасанбеков (ҳарду дар вазни зери 90 кило) дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Субҳи имрӯз – 30 август Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мужда расонд, ки кишвари мо дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 медали сеюми нуқраро соҳиб шуд! Ин комёбиро варзишгари маъруфи кишвар — қаиқрон Шаҳриёр Даминов  ба тоҷикистониён насиб гардонд. Шаҳриёр дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара  байни 8 варзишгар иштирок карда, бо натиҷаи 4:05.950 дуюм шуда ба марра расид. Ҷои аввалро варзишгари ботаҷрибаи ӯзбекистонӣ Вадим Немков бо натиҷаи 4:05.224 ишғол кард. Медали биринҷӣ бо натиҷаи 4:06.434 насиби варзишгари эронӣ Муҳаммад Набӣ Ризоӣ шуд.
Дар финали қуввазмоӣ дар масофаи 500 метр бо каноэи чорнафара тими Тоҷикистон миёни 9 даста ҳаштум шуд. Дар ин ришта се ҷои аввалро Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон ишғол намуданд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, ба ҷои 30-юм баромад.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия то рӯзи 2-юми сентябр идома меёбанд, то ҳоло мунтахаби Чин бо касби 214 медал (100 тилло, 65 нуқра ва 49 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 159 медал (50-47-62) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 128 медал (37-41-50) дар мақоми севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Индонезия (30-22-36), Эрон (18-16-17), Тайбейи Чин (13-16-21), Кореяи Шимолӣ (12-8-9), Ӯзбекистон (11-15-16), Ҳиндустон (9-20-23) ва Тайланд (9-13-35) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *