Бозии фурӯхташуда?
Шикасти дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Мянма дар шабакаҳои иҷтимои кишвар шӯру валваларо ба по хезонд.
Рӯзи гузашта дасти мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври 4-уми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2022(Қатар) дар гурӯҳи F аз дастаи Мянма бо ҳисоби 4:3 мағлуб шуд.
Баъд аз бохти шармандавори дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз заифтарин дастаи гурӯҳи Е аксари корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” Усмон Тошев, сармураббии дастаро гунаҳгори асосии бохт арзёбӣ карданд. Зеро ба эътиқоди онҳо, Тошев натавонист дастаи мукаммалро ба майдон барорад.
Мухлиси футбол ва рӯзноманигори шинохта Раҷаби Мирзо бар он назар аст, ки ин бози фурӯхта шудааст ва ҳама ба як овоз барканор шудани Усмон Тошевро аз мақоми сармураббигӣ талаб доранд.
Шореҳи телевизиони “Варзиш” Парвизи Маҳмадамин дар саҳифааш қайд мекунад, ки “Акнун барои талофӣ кардани ин бохти дарднок аз Мянмар футболбозон муваззафанд Қирғизистонро шикаст диҳанд. Ин танҳо роҳест баҳри пӯзиш пурсидан!”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ