Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам

Фирдавси Аъзам 21 ноябри соли 1984 дар шаҳристони Масчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 2008 Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба итмом расонид.

Муаллифи китобҳои «Абрҳои обӣ” (Хуҷанд, 2011), «Як бағал ғазал» (2014,  Теҳрон, 2015, Ландан) ва «Ойини ойина» (2018) мебошад. 

Вақте ки фасли рӯҳия урдибиҳишт нест,

Фарқе миёни дӯзахи мо бо биҳишт нест !

Ойинаҳои биниши мо фарқ мекунад,

Дар зоти поки ойинаҳо хубу зишт нест.

Гуфтед байни сурату сират тафовут аст,

Ман фикр мекунам, ки касе бадсиришт нест.

Девори каҷ натиҷаи каҷбинии шумост,

Айб аз чигунагии сифатҳои хишт нест!

Бояд ки хоки хуфтаи дил зеру рӯ шавад,

Чун хоки шӯразор сазовори кишт нест!

 Ошиқ шудему оқибат аз ҳам ҷудо шудем,

Аммо далели дуриямон сарнавишт нест!

*******

Дар пеши касе дарди дили танг нагуфтам,

Хомӯшаму чун мурғи шабоҳанг нагуфтам.

Монанди фалонӣ нашудам шоири дарбор,

Чизе ба ҷуз аз миллату фарҳанг нагуфтам.

Ойина манам, об манам, мазҳабам ишқ аст,

Бо шишадилон марсияи санг нагуфтам.

Бисёр ғазал гуфтаам аз ваҳдати дилҳо,

Аз сулҳу сафо гуфтаам, аз ҷанг нагуфтам.

Ҳарчанд ки дур аз Ватанам, хотирааш сабз,

Як бор ҳам аз ҳасрати Афранг нагуфтам.

Гоҳе худам аз дасти худам мехӯрам афсӯс,

Шеъре, ки ба дилҳо бизанад чанг, нагуфтам.

Ҳамсуҳбати ман ойинаву чашмаву меҳр аст,

Сад шукр, ки аз нақшаву найранг нагуфтам.

Ҳамранги худам ҳастаму ҳамранги шумо на!

Аз тафриқа безораму аз ранг нагуфтам…

 *****

Дар хонаи дил аст фақат дар китоб нест

Ин як ҳақиқат аст: Худо дар ҳиҷоб нест!

Наққош то шудем фақат дард мекашем,

Андозаи ғами диламон ҳеҷ қоб нест!

Мо бо ҷаҳони танги шумо хӯ намекунем,

Кунҷи қафас, ки арсаи боли уқоб нест.

Ғӯкон ба кунҷи биркаву мурдоб қонеанд,

Ҷойи наҳанг гӯшаи ин манҷалоб нест

«Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад»

Ин ганҷи зудёфтатон ҷуз ҳубоб нест.

Бе ишқ чор фасли Худо фасли мурдан аст,

Аслан далели гармии рӯз офтоб нест!

Гоҳ аз мурури хотираҳо маст мешавӣ,

Танҳо далели мастии одам шароб нест.

Шаб, нисфи шаб, сапедадамон, субҳ, ҳар замон,

Осуда он касест, ки дар банди хоб нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *