Бозорҳо, хатсайрҳо, терминалҳо: МегаФон Тоҷикистон шабакаи толорҳои алоқаи худро васеъ кард
Соли 2024 ба шабакаи хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» боз 15 толори алоқа ҳамроҳ гардид. Нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳам дар маҳалҳои комилан нав ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳои сераҳолӣ, ки бештари муштариёни оператор он ҷо зиндагӣ мекунанд, пайдо шуданд.
Ба масоили рушди фурӯши хусусӣ дар шаҳри Душанбе, ки худ мегаполиси тараққикунанда маҳсуб ёфта, шумори сокинонаш аз 12% тамоми аҳолии Тоҷикистон бештар аст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ дар назди супермаркетҳои калон, муассисаҳои тиббӣ, идораҳои ташкилотҳои давлатӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо толорҳои нав кушода шуданд. Чунончи, ба толори алоқа дар кӯчаи Ҷомӣ зуд-зуд донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон меоянд ва ба кӯчаи Р.Набиев бештар донишҷӯёни муассисаи таълимии тиббӣ ташриф меоранд. Баҳри қулайгардонии имкониятҳои мусофирону меҳмонон низ нуктаҳои фурӯш ифтитоҳ меёбанд. Яке аз толорҳои нав дар терминали “Чорбоғ”, ки ба он аз ҳар гӯшаву канори кишвар автобусхо меоянд, ба кор даромадааст.
Дар дигар минтақаҳо низ нуқтаҳои фурӯш аз рӯи принсипи дастрасии комил ҷойгир карда мешаванд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабакаи ширкат бо ду толор пурра гардид. Дар Ҳисор идораи операторро дар супермаркети “БИ-1” ва дар ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Шаҳринав дар кӯчаи марказӣ пайдо кардан мумкин аст.
Дар вилояти Хатлон соли 2024 панҷ толори фирмавии Ширкат кушода шуд. Онҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак, ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун ва Фархор ҷойгиранд. Дар шаҳри Норак ширкати «МегаФон Тоҷикистон» аввалин операторест, ки толори алоқаро дар бозори нави «Рамзи Норак» ифтитоҳ намуд.
Дар вилояти Суғд ба шумораи нуқтаҳои фурӯш як толори дигар дар ноҳияи Б.Ғафуров илова шуд. Он дар автовокзал воқеъ буда, барои ҳамаи мусофироне, ки тавассути шоҳроҳи Хуҷанд—Исфара, Конибодом ҳаракат мекунанд, дастрас аст.
«Ба сокинони кишвар наздик шудан, барои онҳо фароҳам овардани имкониятҳои қулай ва муфид — ин аст стратегияи рушди шабакаи фурӯши мо. Ҳар як толори нав ҷойест, ки дар он метавонед аз хизматрасониҳои муосири рақамӣ баҳравар гардед, тавсияҳои махсусро оид ба пайвасткунии онҳо ва танзимнамоии гаҷетҳо гиред. Аз ин рӯ, танҳо муштариёни ширкати мо меҳмони толорҳо нестанд. Мо бо хушнудӣ ҳамаи онҳоеро, ки дар роҳ ба сӯи ҷаҳони рақамӣ ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доранд, пазироӣ мекунем!» – мегӯяд роҳбари Хадамоти фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Сунатулло Бабаев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ