Бозорҳои дохилӣ бо орду ғалла таъмин мешаванд. «Хубҷамъинвест» саҳм мегузорад

Дар ҶДММ «Хубҷамъинвест», ки ба коркарди ғалла ва истеҳсоли орд машғул аст, хати нави истеҳсолӣ фаъол мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — санотикунонии босуръати кишвар саҳм гузошта, хатҳои нави истеҳсолиро ворид намуда, истеҳсоли маҳсулотро зиёд намояд.

— Нақши корхона дар таъмини аҳолӣ бо орд назаррас буда, ҳамарӯза садҳо тонна орди истеҳсолшуда ба минтақаҳои гуногун, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, ВМКБ фиристода шуда истодааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки айни замон захираи кофии орду ғалла мавҷуд буда, фаъолияти чунин корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *