Медали биринҷии дастаи Тоҷикистон аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия тими ҷудои Тоҷикистон дар сабқати даставӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дасти мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён майдондорӣ кард. Дар қувваозмоиҳои даставӣ тими ҷудои Тоҷикистон нахуст бо тими ҷудои Ӯзбекистон бояд сабқат мекард, вале паҳлавонони ӯзбекистонӣ аз рақобат даст кашиданд. Дар чорякфинал паҳлавонони мо бар дастаи Сенегал ғолиб омаданд, вале дар нимфинал аз тими Озарбойҷон шикаст хӯрданд. Сипас дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм дастаи Қазоқистонро мағлуб карданд.

Паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи инфиродии ҷудо 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг сазовор шуд. Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81 кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100 кг ба даст оварданд. Шумораи медалҳои паҳлавонони Тоҷикистон ба 4 адад расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *