Бозор, нарху наво кай танзим мешавад?

Мувофиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озодӣ иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

         Дар воқеъ, давлати мо бо эътироф намудани моликияти хусусӣ бурд кард ва минбаъд ҳамаҷониба кӯшиш дорад, ки ҳифзи ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ, соҳибкорӣ ва дигар муносибатҳои ба он алоқамандро таъмин намояд. Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар низ барои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавасманд буда, аз тарафи давлат ва шахсан Президенти мамлакат як қатор имтиёзҳо барои соҳибкорону тоҷирон фароҳам оварда шудааст. Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе аз шахсони манфиатдору муфтхур манфиати давлату ҷомеа ва аҳолии Тоҷикистонро сарфи назар карда, аз дастгирии давлатӣ рӯйрост суйистифода намуда, ҷойи он, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар, ғанӣ гардонидани буҷет ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ замина гузоранд, баръакс манфиати худро авлотар дониста, нарху навои бозорро рӯз то рӯз баландтар бардошта, кисаву хазинаҳои худро пур карда истодаанд.

         Имрӯзҳо касе нест, ки аз нарху навои молу маҳсулоти бозор, хусусан озуқаворӣ шиква надошта бошад. Зеро нархи бозор бо даромади аҳолӣ мувофиқат намекунад. Дар ҳақиқат, дар чунин вазъияти буҳронӣ баланд будани нарх ба буҷети ҳар як оила, умуман ба кисаи ҳар як шахс зарбаи ҷонкоҳ мезанад. Одамон маҷбуранд, ки мувофиқи даромади худ як илоҷ карда ҳаёту рӯзгорашонро сар ба нӯг расонанд ва аз баҳри бештари хоҳишоташон гузаранд. Аксарияти оилаҳо солҳост, ки аз гаронии нарху наво дар бозор ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ба таътилу истироҳат ва фароғати арзанда худро фаро нагирифтаанд, ки ин ба зиёдшавии сафи беморон дар ҷумҳурӣниз оварда расонида истодааст.

         Солҳои охир ба бозорҳои кишвар, махсусан бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он даромада, аз баланд будани нарх ва беинсофии тоҷирон кас дар ҳайрат меафтад. Оиди дағалии савдогарон, риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ дар бозор, ҳиллаву найранги баъзе аз тоҷирон, сифати пасти аксарияти молу маҳсулот ва маводи хӯрока ҷойи гап нест. Арзиши сару либос ва пойафзоли босифат ва ҳатто сифати пасттар ҳам ду-се карат зиёд шудааст. Бояд эътироф кунем, ки нарху наво нисбати тамоми маҳсулоти аввалиндараҷаи рӯзгор назар ба солҳои пешин хеле қиммат шудааст ва боиси нигаронист, ки майл сӯи пастшавӣ умуман надорад. Чунки ягон кас фишанги онҳоро ба даст нагирифтааст.

         Буҳрони молиявӣ нархи мошину хонаро ба маротиб поён бурд, ки аз он фақат ашхоси сарватманд соҳиби чандин хонаҳои дигар шуданд. Аммо чаро нарху навои бозор, маводи озуқа, сару либос, пойафзол, умуман молу маҳсулоте, ки барои ҳаёти рӯзмараи одамон бештар заруранд, баръакс баланд шуданд? Аксарияти тоҷирон аз он шикоят мекунанд, ки қурби доллари ИМА баланд шавад, онҳо маҳсулотро аз хориҷа гаронтар мехаранд ва маҷбуранд, ки нархро бардоранд. Аз «налог», патент ва дигар пардохтҳо бошад доим меноланд. Инҷо саволе ба миён меояд, ки агар дар баландшавии арзиши маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда «доллар» сабаб бошад, пас сабаби баландшавии нархи сабзавоту меваҷоти дохили кишвар дар чист?  Наход як кг картошка то 5 сомонӣ, як кг себ аз 9 то 25 сомонӣарзиш дошта бошанд? Дар бораи нархи меваҷоти хушк (мавизу писта ва ғайра) бошад забон лол мемонад. Ҳамин гуна нархи тамоми маводи озуқаворӣва дигар молу маҳсулот хеле баланд мебошанд.

        Ногуфта намонад, ки дар арафаи тамоми иду ҷашнвораҳо ва моҳи шарифи Рамазон бошад нархи бозор бе ягон асос боз ҳам зиёдтар мешавад. Оё ин аз рӯи инсоф, одаму одамгарӣ ва мусулмонгарӣ буда метавонад?

         Дар баробари ин, таҷҳизоти рӯзгор ва мебел низ хеле гаронарзиш буда, на ҳар кас тавони хариди онҳоро дорад. Дар хусуси арзиши баланди хизматрасониҳои  марказҳои саломатӣ, истироҳатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ(ғайр аз театр), тарабхонаҳо ва дигар марказҳои монанди инҳо ҳоҷати гап нест. Чунки ҳамаи Шумо худ шоҳид ҳастед ва ин гуна вазъро нағз медонед.

         Агар сабаби аслӣ дар баландшавии қурби доллар бошад, чаро дар сурати поён шудани он нарх дубора паст намегардад? Ё ин ки қурби долларро маҳз барои баланд бурдани нархи бозор зиёд мекарда бошанд? Дар паси чунин бозиҳои ғоратгарона кӣ меистода бошад? Ё агар гунаҳкори асосӣ доллар бошад, пас чаро аз баҳри он ба пуррагӣ даст намекашем? Ин суолҳо посухи дақиқу қатъӣ мехоҳанд.

         Нарху навои имрӯзаро ҳамагӣ бо нархи 10 соли пеш муқоиса мекунем. Фарқ аз замин то осмон аст. Ба ҳисоби миёна 10 сол пештар орд тақрибан 47-70 сомонӣ, гӯшт 15-18 сомонӣ, шакар то 3,5 сомонӣ, равған 4,5-5 сомонӣарзиш доштанд. Сабзавоту меваҷот бошанд дар қиёс ба имрӯз бениҳоят арзон буданд. Ёд дорам, ки ҳамагӣ бо 350 сомонӣ модарам мо се нафарро ба бозор бурда, ба ҳамаамон сару либоси мактабӣ, курта, пойафзол, ҷузвдон, дафтару қалам ва дигар лавозимоти заруриро мехарид. Ҳамагӣ бо 350 сомонӣ! Аммо имрӯз чӣ? 350 сомонӣ ба сару либоси ҳатто як нафар толибилм намерасад. Хароҷоти донишҷӯ бошад ҳисоб надорад.

Акнун биёед андеша кунем, ки ба ин ҳама кӣ ё чӣ гунаҳгор бошад? Хориҷиён, мақомот, тоҷирон, савдогарони бозор ва ё доллар?! Кӣ нархро мебардорад?  Барои чӣ баъдан нарх поён намеравад? Аз ҳама асос чӣ бояд кард??? Ин ҳама саволҳое мебошанд, ки ҳар яки мо ҳамарӯза аз сар мегузаронем, вале вазъи бозори дохилӣ ҳамоно бетағйир буда, ҳатто бадтар шудаистодааст.

  Беаҳамиятии мақомот ва шахсони мансабдор, инчунин чашм пушидани баъзе аз шахсони дахлдор ба корҳои ғайриқонунии тоҷирону савдогарон яке аз сабабҳои дигари баландшавии нарху навои бозор ба шумор меравад. Ғайр аз ин, омилҳои хусусияти коррупсионидошта ва суйистифода аз мансаб қариб дар тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ ва муомилоти шаҳрвандон мушоҳида мешаванд. Бозор низ истисно нест. Бо вуҷуди муборизаҳои беамони давлат бар зидди коррупсия, бадбахтона ин падидаи пурхатар ҳанӯз ҳам дар кишвар вуҷуд дорад. Дар аксар ҳолатҳо, маҳз омилҳои коррупсионӣ боис мешаванд, ки баъзе аз масъулини соҳа нисбати вазифаҳои худ хунукназарона муносибат карда, ба ҷойи пешгирӣ кардани баландшавии ғайриқонунии нарх, ҷилавгирӣ намудани фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ё муҳлатгузашта, баръакс бар ивази «подош»-и ночиз барои инкишофи тиҷорати беинсофонаи баъзе аз тоҷирон шароит фароҳам меоранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки коррупсия тамоми решаҳои мустаҳками ҳамаи соҳаҳоро фалаҷ карда, давлатро рушд ёфтан ва мардумро бой шудан намегузорад.

         Боиси хушбахтист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба сӯи рушду шукуфоӣ овардааст. Аммо бе баратараф намудани мушкилоти имрӯзаи иқтисоди бозории мамлакат фатҳи қуллаи мурод каме душвор аст. Дар сурати паст будани нарху навои бозор ва танзими иқтисодиёт пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣба маротиб афзун ва сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣхеле беҳтар мегардад. Барои ҳамин бояд системаи иқтисодӣ-тиҷоратие созем, ки аз он ҳам давлат, ҳам аҳолӣ ва ҳам соҳибкорону тоҷирон зарар набинанд. Ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз баландшавии нархи бозор бошад тадбирҳои саривақтӣ ва қатъӣ андешидан ба манфиати кор хоҳад буд.

    Аз забони бархе аз таҳлилгарон ва ҳатто шахсони мансабдор борҳо шунидам, ки нарху навои бозорро ба эътидол овардан кори осон набуда, ҳатто ғайриимкон аст. Ин андеша куллан хато аст. Дар замони мо тамоми корро кардан аз имкон дур нест. Танзими нарху наворо низ аз он ҷумла. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар асри навин тамоми самту соҳаҳои фаъолият ва муомилоти одамонро бо ёрии илму технологияи муосир таҳти назорат гирифтан имконпазир аст. Нарху навои бозорро низ таҳти назорати давлатӣ гирифтан лозим аст. Чунки аксарияти тоҷирон аз кафолатҳои давлатӣ ба манфиати худ ва «мафиа»-и худ кор карда, нархи бозорро ба таври сунъӣ баланд бардоштанд. Чунин ба назар мерасад, ки монополия вуҷуд дошта, рақобати солим сарфи назар карда шудааст. Бо чунин вазъ ва нарху наво бошад сохтани давлати комили иҷтимоӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта тамоман номумкин аст.

   Нарху навои бозор дар ҳақиқат танзим мехоҳад. Дар баробари он, пояҳои иқтисодии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст. Бубинед, як буҳрони молиявӣ чи қадар таъсири манфӣ мерасонад ба иқтисодиёти кишвари мо. Аз ин рӯ, барои беҳбуд намудани чунин вазъ ва ба эътидол овардани нархи бозор дар баробари дигар чораҳо, мо бояд заводу фабрикаҳои истеҳсолӣбо иқтидори бузургро сохта, молу маҳсулот ва маводи ниёзи аввали мардумро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоем. Мо бояд коре кунем, ки талаботи худро бидуни воридот аз хориҷа ҳамаҷониба қонеъ гардонем. Пули мо берун наравад ва дар дохили давлати худамон гардиш ёбад. Воридот нею содирот ва истеҳсолотро зиёд кардан ба манфиати халқу давлати мост. Чунин иқдом барои бо ҷои кори доимӣтаъмин намудани аҳолӣ, хусусан ҷавонон низ шароит фароҳам меорад. Сектори хусусӣбоз ҳам ривоҷу равнақ мехоҳад. Паст кардани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ барои фаъолияти хубтари иқтисодӣ-тиҷоратӣ, то андозае паст шудани нарх ва ба миён овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Барои пурра иҷтимоӣ гардонидани давлат бояд тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳид бошанд. Чунки танҳо дар сурати сарҷамъии пурраи миллат ва ҳамдигарфаҳмӣ мо бой шуда метавонем.

  Пешниҳод доштам, ки дар кишвар мақомоти махсуси ваколатдор (ғайр аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ) фақат барои танзими нарху наво дар бозор таъсис дода шуда, бо роҳҳои сунъӣ баландшавии нархро пешгирӣ мекард. Мақомоти мазкур рақобати солимро байни ҳамаи соҳибкорон таъмин намуда, номгӯи тамоми молу маҳсулоти ниёзи аввал ва рӯзмараро дар феҳрасти махсус тартиб дода, бо назардошти арзиши истеҳсол, ҳамлу нақл, фоизи андоз ва дигар хароҷот, нархи ҳаддалимкони онро муайян намуда, ғайриқонунӣбаланд кардани онро қотеона пешгирӣнамояд. Инчунин, нисбати шахсони воқеӣва ҳуқуқие, ки бо роҳҳои фиребу қаллобӣва ғайриқонунӣнархро баланд мебардоранд, дар доираи қонун ҷавобгарӣ ва ҷазои сазовор муқаррар намудан, аз омилҳои дигари бартараф кардани проблемаи мазкур мебошад.

  Ҳамзамон, соҳибкорону тоҷирон, савдогарон ва дигар шахсони дахлдори соҳа бояд аз рӯи инсофу инсондӯстӣ кор карда, дар баробари фоидаи худ манфиати давлат ва халқро низ ба назар бигиранд. Дар тиҷорати худ танҳо ба қонун ва виҷдонашон такя ва мизони адолатро риоя карда, масъулияти инсонӣ ва шаҳрвандии худро пеши халқу Ватан амиқан дарк намуда, дар паст кардани нарху наво мусоидат намоянд. Чунин иқдом ба манфиати ҳамаи мо хоҳад буд.

    Давлате, ки тавонист ҷашну маросимҳояшро тавассути қонун ба танзим дарорад, аз ӯҳдаи танзими нархи бозор низ сад дар сад мебарояд. Чунки Тоҷикистони имрӯза хеле пурқудрат буда, тавони ба низом даровардани дигар муносибатҳои ҷамъиятӣва муомилоти шаҳрвандон, аз он ҷумла танзими одилонаи нарху навои бозорро ҳам дорад. Танҳо кадрҳои арзанда, болаёқат, муҳимтар аз ҳама ватандӯсту гуманист даркор аст, на ин ки кадрҳои тасодуфӣ ва манфиатҷӯ. Агар мизони нарху навои бозорамонро, ки аз палаи тарозу хеле гузаштааст, имрӯзҳо дурусту одилона ба танзим надарорем, Худо медонад, ки дар солҳои оянда он то ба куҷоҳо мерасад.

   Ҳамватани гиромӣ, ҳар яки мо инсонем ва ҳаёту рӯзгори осуда, солим ва ширинро орзу дорем. Ҳар яки мо мехоҳем аз ҳама ҷиҳат таъмин бошем, талаботи хешро он тавре, ки мехоҳем қонеъ гардонем. Ҳар яки мо мехоҳем истироҳат кунем ва зиндагонии худро хушбахтона гузаронем. Вале, аз сабаби гарон будани нарх аксарияти мо чунин шароитро ба худ ва наздиконамон фароҳам сохта наметавонем. Нарху навои арзон ва одилонаи бозор, ки ба ҳама дастрас бошад, кафолати зиндагии шоиста, баракати рӯзгор, ғанӣ гаштани буҷет ва рушди иқтисодӣ-иҷтимоии давлат мебошад. Пас, биёед мушкилотро дар ин самт аз ҳозир бартараф намоем. Биёед, ин имкониятро ба якдигар бидиҳем. Биёед ҳама якҷоя, бо ҳам ва баробар зиндагӣ кунем.

Манучеҳр  Ҳамидзод, ҳуқуқшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *