Президентҳо ҳам хандаю шӯхӣ мекунанд

Дар Интернет видео ва аксҳое нашр шудаанд, ки лаҳзаи сӯҳбати гарми президентҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистонро дар Саудӣ нишон медиҳад.

Дар авҷи сӯҳбат Нурсултон Назарбоев шӯхие мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ғарқи ханда мешаванд.Хабарнигорон президентҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёевро замоне сабт кардаанд, ки онҳо дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои мусалмон дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ дар як гӯша дар як кати танг ба ҳам хеле ҷафс нишаста ва гарм сӯҳбат доранд.

Дар видеое, ки дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки ибтидо дар ин кат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев нишаста, сӯҳбат доранд. Эмомалӣ Раҳмон дасти Шавкат Мирзиёевро дошта, ба ӯ чизе мегӯяд ва Мирзиёев бо ханда ҷавобаш медиҳад. Сипас Нурсултон Назарбоев ба сӯи онҳо меояд ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҷо бархоста, ӯро гарм ба оғӯш мегирад.

Баъди ин ҳар се президент дар ин кати дукаса, ки барои се нафар тангӣ мекунад, хеле ҷафс паҳлуи ҳам мешинанд ва сӯҳбаташон қӯр мегирад. Дар рафти сӯҳбат Назарбоев чӣ шӯхие кард, ки Раҳмон ва Мирзиёевро ба ханда овард. Бахусус президенти Узбекистон баъди шӯхии Назарбоев хеле аз таги дилаш хандид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *