Брифинги сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор гардид
28-уми декабри соли 2021 дар Душанбе брифинги Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Қазоқистон ва натиҷаҳои фаъолияти Сафорат дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ҷомеаи сиёсиву коршиносон, доираҳои илмию фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок карданд.
Сафир А. Тоҷибоев зимни суханронии худ дастовардҳои Қазоқистонро дар тӯли 30 соли истиқлолият қайд намуда, дар бораи дигаргуниҳои сиёсии дохилии кишвар, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Қазоқистону Тоҷикистон маълумот дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ