Дар КҲФ ярмаркаи фурӯши маҳсулот ташкил карда шуд

28-уми декабр бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Соли нави 2022 баргузор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, дар ин ярмарка маҳсулот аз қабили гӯшт, биринҷ, картошка, лиму, нахӯд ва асал ба фурӯш гузошта шудааст.

— Маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии ёрирасони Кумита парвариш шудааст ва ба кормандон бо нархи арзонтар аз нархи бозор фурӯхта шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *