Бригадири тоҷиконро дастгир карданд

Ҷамшед Акобиров, бригадири мардикорони тоҷик дар як сохтмон дар шаҳри Маскав дар пайи як моҷаро бо муҳоҷирони арманӣ боздошт шудааст. Вакили мудофеъ Иззат Амон сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторовро ба ҳимоят аз Акобиров даъват карда, гуфт, «Тоҷик тӯби футбол нест, ки ҳар биникашоле хост як шатта занад.

Иззат Амон, вакили мудофеи тоҷики муқими Маскав дар як нома ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов хабар додааст, ки дар пайи моҷарои рӯзи 1 август байни муҳоҷирони тоҷику арманӣ дар минтақаи Бутовои Маскав пулис масъулияти он моҷароро ба гардани тоҷикҳо зада, бригадири мардикорони тоҷикро боздошт кардааст.

Рӯзи 1 август аз манзили баландошёнае, ки дар яке аз кӯчаҳои Бутово сохта мешуд, як қуттии пластикӣ ба замин афтодааст. Арманиҳо, ки дар поён роҳро мумфарш мекарданд, бо ин гумон, ки қуттиро мардикорони тоҷик аз боло партофтаанд, вориди бино шуда, бо мардикорони тоҷик вориди моҷаро шудаанд.

Як муҳоҷири тоҷик, ки гууфтааст, аввал маълум кунанд, ки қуттиро кӣ партофта буд, мавриди латукӯб қарор гирифта, то ҳол бо дасту пои шикаста дар бемористон будааст.

Пулис баъди чанде ба ҷои ин моҷаро расида, муҳоҷиронро пароканда кард, Вале дар ниҳоят масъулияти ин моҷароро ба гардани тоҷикҳо задааст. Иззат Амон менависад: «Аз миёни ҳамон қадар одам як тоҷик Акобиров Ҷамшед Абдуллоевич соли таваллудаш 1979 зодаи шаҳри Кулоб бригадири сохтумончиҳоро бурда бандӣ кардаанд Гарчанде Ҷамшед мегуяд у ҳангоми занозанӣ ширкат накарда аст, вале ин далел дигар барои пулис аҳамияте надошт. Пулис арманиҳоро ҷабрдида навишта ҳамаашонро ҷавоб дода асту чанд нафар тоҷики дигарро таҳти ҷустуҷу қарор дода аст. Ҷамшедро пулисҳо чунон куфтаанд, ки сару руяш варам кардаву гушу биниаш шикастааст. Алъон Ҷамшед дар маҳбаси Бутирка боздошт шуда бар зидди у боӯмоддаи 213 қисми 2 кодекси ҷиноии ФР парванда боз шуда аст. Қисми 2 моддаи 213 то 7 сол ҳабсро пешбинӣ карда аст. Яъне имкон дорад Ҷамшедро барои он ки бригадири сохтумончиҳои тоҷик буд 7 сол ҳабс кунанд.

Ба зидди Ҷамшед Акобиров бар асоси қисми дуюми моддаи 213-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гурӯҳӣ ва муқовимат ба намояндаи пулис парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин банди қонуни Русия ҳаамчун муҷозот аз ҷарима ба маблағи аз 500 ҳазор то 1 миллион рубл ва он тараф то 7 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Аммо Иззат Амон бо таваҷҷӯҳ ба бесоҳибии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар номааш ба сафири Тоҷикистон менависад, ки имкон дорад, бригадири тоҷикро ба зиндон маҳкум кунанд. Ба ақидаи вай, дар шӯъбаи пулиси Коммунарка, ки ин парвандаро кушодааст, як афсари арманӣ кор мекунад ва ӯ қазияро ба фоидаи ҳамватанони хуб тоб додааст, дар ҳоле ки моҷароро роҳсозони арманӣ оғоз карда буданд.

Иззат Амон дар идомаи номааш хитоб ба сафири Тоҷикистон менависад, фурсате расида, кит тамоми сохторҳои расмии Тоҷикистон дар Русия ва созмонҳову ҷамъиятҳои тоҷикон ба ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик аз як гиребон сар бароранд: «Бегонаҳо аз ноиттифоқӣ ва душман будан бар якдигару паҳну парешон будани тоҷик хуб хабар доранду ба фоидаи кори худ аз ин ҳолати мо истифода бурда истодаанд. Ман аз ҳамаи шумо мисли як бародари хуниву ҷонӣ даъват менамоям биёед душмании ҳамдигарро бас кунему иттиҳоду иттифоқ шавем.
Тоҷик имруз дигар соҳиб надорад. Арзонтарин чизи дунё тоҷик гашта аст. Тоҷикро зери по карданд мо ҳама хомуш.
Биёед гирди ҳам ҷамъ оему ба оламиён нишон диҳем, ки мо авлодони ҳамон Рустам ҳастем.
Ба ин хотир бародарони гиромиқадр аз ҳамаи шумо даъват менамоям дар наздиктарин фурсат дар як толоре дар Маскав бояд ҷамъ оем.
Аз тамоми гушаву канори дунё ба ин маҷлис банда тоҷикони ба ору номусро даъват менамоям. Тамоми харҷи ҷаласаро банда ба душ мегирам. Аз дустон танҳо ширкат дар ин маҷлис.
Бас аст бо номуси тоҷик бозӣ кардан. Тоҷик туби футбол нест, ки ҳар биникашоле хост як шатта занад. Бояд ҷулуи ин беномусиву бесоҳибӣ гирифта шавад. Бояд ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки тоҷик соҳиб дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *