Шӯҳра Рӯҳбонӣ — Эрон

Нозанин  

Ту дарахти тануманде ҳастӣ,

Ки шохаҳоят,

Дар ҳар баҳор,

Чилчилаҳоро ба меҳмонӣ фаро мехонад.

Бе иддао ва бе миннат,

Ва ман бе ту,

Решаи хушке ҳастам, ки

Тамоми хоки сарзаминамонро,

Аз шимол то ҷануб,

Дар ҷустуҷӯи қатрае об мепаймояд.

Бигӯ, бе ту чӣ кунам меҳрубонам?

***

 Баҳона  

Борон баҳона буд то туро биёбам,

Ва ошиқонаҳоямро дар зери чатрат раҳо кунам.

Чӣ борони зебое меборад,

Имрӯз, ки чатрат хонаам шуда,

Ва дастҳои гармат ҳамроҳи ҳамешагиам,

Борон бибор…

Зеботар аз ҳамеша бибор …

Чатрамон боз аст,

Садои қадам заданамон зери борон шуниданист.

Мо бо ҳам резиши баргҳои зардро тамошо мекунем,

Садои хиш-хиши баргҳоро мешунавем.

Мо бо ҳам зимистонро таҷриба мекунем,

То бо ҳам ба баҳор бирасем.

Борон, чатрамон боз аст…

Бибор!

***

 Шохаи ях

Агар рӯзе ба ҷурми сурхи эҳсос,

Барои шохае ях нола кардам.

 

Барои мондану парвона гаштан,

Ба рӯйи зиндагимон соя кардам.

 

Агар рӯзе таҳи як қиссаро ман,

Барои дилхушӣ афсона кардам.

 

Агар боз омадӣ ин ҷо канорам,

Ба рӯйи ошиқӣ паймона кардам.

 

Агар рӯзе миёни кӯчаи ишқ,

Канори ту хазонро бима кардам.

 

Миёни сояе аз ҷинси лабханд,

Ман ин ҷо бо ту шояд лона кардам.

***

 Нигоҳи ширин

Ёди ту абри кӯчак аст,

Ки чашмҳои маро боронӣ мекунад.

Ва насиме аст

Ки аз миёни гесувонам мегузарад.

Ва ман,

Чӣ қадр дилам бароят танг шуда…

Барои садоят ва нигоҳат,

Ки таъми асал медиҳад.

Ту метавонӣ хуршедро рӯ ба рӯйи оина бинишонӣ,

Ва осмонро ба зону дарбиёварӣ.

Ту метавонӣ

Гулҳои сурхро ошуфтаи нигоҳи меҳрубонат кунӣ.

Ва настаранҳоро овораи кӯчаи ошиқӣ.

Ту парандаи меҳрубонӣ,

Ки  бепарво кӯч мекунад ва

Таронаи рафтан мехонд ва

Зери борон мерақсад.

Ва меҳри меҳрубонияш бар дили ҳар парвонае менишинад.

Ин рӯзҳо,

Тамоми дилтангиҳоямро

Ба ҷойи ту ба оғӯш мекашам.

Вақте, ки ҷойи ту миён бозувонам холист,

Ва ман чӣ қадар дилам бароят танг шуда.

***

Ҳавои ту

Дўстат дорам меҳрубонам,

Дилам оғўши туро металабад.

Ин чанд саттро навиштам,

Ки бидонӣ,

Сонияҳо,

Ҳар лаҳзае, ки мегузарад,

Пур аз ёди туст.

Ва пур аз воҷҳои бо шукўҳе, ки туро замзама мекунанд.

Бигзарем аз ин ки

Ёсҳои боғча ба ёди ту мешукуфанд.

Абрҳои кўчаки баҳор ба ёди ту дар осмон мерақсанд,

Шамъдониҳо барои ту атрогин кардаанд ҳаворо,

Чилчилаҳо барои ту суруди ишқ сар додаанд.

Даштҳои шақоиқ пур аз шавқи ишқи туст,

Ва танҳо баҳонаи зинда будани туӣ.

Ва бигзарем аз ин ки

Тамоми дафтарҳоям ба хотири ту варақ хўрдаанд.

Ман моҳро барои ту наққошӣ мекунам,

Барои ту мехонам,

Барои ту мерақсам,

Барои ту мемонам,

Ва барои ту мемирам.

شهره روحبانی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *