Буҳрони барқ. Супориши ҷаноби Гуҷрал ҳам иҷро нашуд

Аз 11-уми март бо оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон то бартараф гардидани маҳдудияти неруи барқ, аҳолӣ бояд хамарӯза соатҳои 04:00 — 08:00 ва 17:00 — 21:00 пурра бо барқ таъмин шавад. Дигар сокинони кишвар 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом хонаҳояшон равшан мегардад.

Қарори дахлдорро Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо ирсоли барқияи фаврӣ ба ҳама роҳбарони филиалҳои ин ширкат имзо кардааст.

“… аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти неруи барқ, ҳамарӯза соатҳои 04:00 — 08:00 ва 17:00 — 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед”,- супориш додааст Гуҷрал.

Маҳдудият ё “лимит”-и интиқоли барқ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар пойтахт ҳанӯз побарҷост. Аз бисёр минтақаҳои кишвар ба сомонаи Pressa.tj занг мезананду мегӯянд ва менависанд, ки ин 8 соати супориш гардида риоя намешавад.

Хуршед Атовулло, журналисти шинохта дар саҳифаи фейсбукиаш аз ваъдахилофии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” навиштааст: “ “Ваъдаи дурӯғат дар қабр! Дар маҳаллаи 102-и шаҳри Душанбе барқ нест!”.

“Лимит” ё маҳдудияти барқ дар охири фасли зимистон ва аввали фасли баҳор дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳам ҷорӣ шудааст. Ҳоло ҳам дар пойтахт шабона интиқоли барқ то 2-3 соат қатъ мегардад.

Фараҳноз Саидова, фаъоли шабакаи иҷтимоӣ ин вазъиятро тасдиқ карда, дар “Фейсбук” навиштааст: “Дар маҳаллаи политехникум, Чортути боло аз соати 22:40 то 5:24 барқ надоштем. Ҳангоми саҳархӯрӣ надидему нафаҳмидем чӣ хӯрдем”.

Маҳмадумар Асозода, директори ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “лимити барқ ҳаст, вале кай бекор шудани он маълум нест”. Сабаби қатъи онро ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори неругоҳи “Норак” вобаста донист.

Ин дар ҳолест, ки Фазлиддин Шоҳиддинов — директори НБО “Норак” дар нишасти матбуотии худ гуфта буд: “Имсол нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.

Аз идора: Феълан лимити барқ дар саросари кишвар яке аз мушкилоти доғ шудааст. Ҳамарӯза хонандагони “Тоҷикистон” аз саросари кишвар занг зада, аз маҳдудияти барқ шикоят мекунанд.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *