Беш аз 13 миллион сомонӣ бақияи қарз дар Бохтар

Дар шаҳри Бохтар бақияи қарзи андоз беш аз 13 миллион сомонӣ мебошад. Бо гузашти бештар аз ду моҳи соли равон,  наздик ба 482 ҳазор сомонӣ аз қарзи мавриди назар кам шудаасту халос.

  Зоир Орифзода, сардори нозироти андоз дар шаҳри Бохтар гуфт, ки ба аввали январи соли 2024 бақияи қарзи андоз 13 миллиону 800 ҳазор сомонӣ буд. Ӯ афзуд, ки дар ду моҳ 481 ҳазору 400 сомонӣ кам карда шудааст.

Мутаассифона, Зоир Орифзода ба мо рӯйхати ҷамъият ва корхонаҳои қарздорро пешниҳод накард. Ӯ гуфт, ки «ин сирри андоз аст ва наметавонам мушаххасоти объектҳои қарздорро пешниҳод кунам».

    Бояд гуфт, ки дар ду моҳи соли 2024 дар ҳаҳри Бохтар нақшаи ҷамъоварии андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ 109 дарсад таъмин гардидааст. Ба ҷойи 51 миллиону 900 ҳазор сомонӣ 56 миллиону 703 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *