Бунёди иншоот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон қатъ гардид
Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, корҳои сохтмоние, ки аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои баҳсии марзӣ анҷом мешуданд, қатъ карда шуданд.
Ба огаҳии хадамот, ҷониби Тоҷикистон корҳои сохтмониро дар майдони футболи деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз 16 сентябр, пас аз тирпаронӣ дар марз қатъ кард. Ҳамчунин 18 сентябр низ дар деҳаи Жака-Оруки ноҳияи Бодканд корҳои сохтмонӣ қатъ карда шуданд.
Фаъолияти гузаргоҳи марзии «Кулунду — автодорожний»-и Тоҷикистону Қирғизистон низ, ки 17 сентябр қатъ гашта буд, аз соати 6-и бегоҳи 18 сентябр дубора аз сар гирифта шуд.
Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки додситонии низомии ин кишвар таҳқиқи тирпарониро дар марз бо Тоҷикистон оғоз кард. Барои таҳқиқи ҳодиса гуруҳи тафтишотии байниидоравӣ бо шумули кормандони Додситонии низомии вилояти Бодканд, Раёсати корҳои дохилии ин вилоят ва Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лайлак ташкил шудааст.
Шоми 16-уми сентябр дар қитъаи баҳсии марзи ноҳияи Бобоҷони Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон тирандозӣ рух дод. Дар ин ҳодиса як марзбони қирғиз ва се сарҳадбони тоҷик кушта шуданд.Мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор карда гуфтанд, нахуст марзбонони тоҷик ба сӯи сарҳадбонони қирғиз оташ кушоданд. Аммо ҷониби Тоҷикистон баръакс Бишкекро муқассири ин низоъ дониста гуфтанд, Қирғизистон «бархилофи созишномаҳои қаблӣ» рафтор кард.
Тоҷикистону Қирғизистон дар низои ахир якдигарро дар корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои аломатгузоринашуда муттаҳам карданд. Тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни ду кишвар дар минтақаҳое, ки хатти марз муайян нашудааст, корҳои сохтмонӣ манъ аст.
Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба ҷониби ҳамдигар дар ин бора нотаи эътирозӣ супурданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотаи худ гуфт, «ҷониби Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса 250-300 низомиро интиқол додааст, ки онҳо ба муқобили сокинони мулкии деҳаи Баҳори Тоҷикистон аз силоҳ истифода карда ва маҷбур сохтаанд, ки сарҳадбонони Тоҷикистон барои таъмини амнияти аҳолӣ оташи ҷавобӣ кушоянд.» Аммо дар нотаи Қирғизистон гуфта мешавад, ки «нахустин шуда, марзбонони тоҷик постгоҳҳои марзии «Мақсад» ва «Сой»-и Қирғизистонро тирборон карданд.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ