Пешниҳоди хариду фурӯш бо пулҳои миллӣ

Александр Дадаев, раиси Иттиҳоди соҳибкорон ва саноатгарони Туркманистон дар ҷаласаи байниҳукуматии Комисияи ҳамкориҳои Туркманистону Қирғизистон пешниҳод кард, ки аз хариду фурӯш бо доллар даст кашанд.

Дар суханронии рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Бишкек Дадаев гуфт, доду гирифт байни ду кишвар бо манати туркманӣ ва соми қирғизӣ ба роҳ монда шавад. «Агар соҳибкории хусусӣ то соли 2008 ҳама 1% дарсад буд, ҳоло ба 64% расидааст», — афзуд Дадаев.

Ба фарқ аз Туркманистон, ки асъори миллиаш бо асъори хориҷӣ табодул мешавад, дар Туркманистон қурби манат қатъиян аз сӯи давлат танзим мегардад. Қурби расмии доллари ИМА дар Туркманистон аз соли 2015 ба ин тараф дар сатҳи 3,5 манат барои як доллар бе тағйир боқӣ мондааст. Аммо дар бозори сиёҳ 1 доллари ИМА 18 манат арзиш дорад, яъне панҷ баробар бештар аз қурби расмӣ. Ба ин далел, хариду фурӯш бо асъори миллӣ барои Қирғизистон зиёновар хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *