Бунёи боғи “Истиқлол” дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд боғи фарҳангиву истироҳатии «Истиқлол» бунёд мешавад. Ободонии боғ наздики ду ҳафта боз идома дошта, ба гуфти масъулин баъди бунёд гардидан як ҷойи мувофиқ барои ҷалби сайёҳон хоҳад шуд.

Ин боғ дар ду паҳлӯи Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар масоҳати 2,5 га сохта  хоҳад шуд. Ҳоло насби курсиҳо ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар ин мавзеъ идома дорад. Маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи «Истиқлол» рӯзи 14 сентябри соли гузашта сурат гирифта буд.

Ин муҷассама беш аз 50 метр балагндӣ дошта бо харҷи 37 миллион сомонӣ сохта шудааст. Аммо лифти он баъди ба истифода додани муҷассама низ фаъол нагардида буд ва ҳамакнун гуфта мешавад, насби он дар ҳамҷоягӣ бо боғи истироҳатӣ ба итмом мерасад.

                                                                                                                                                         Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *