1400 хонавода аз манотиқи хатаровар мекӯчанд

Тайи се соли оянда дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон бояд 1400 хонавода, бинобар хатаровар будани макони зисташон кӯчонида шаванд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Бино ба иттилоъи манбаъ Кумита бори нахуст нақша ё харитаи минтақаҳои барои зисти сокинони кишвар хатарборро таҳия кардааст. Бар асоси он соли оянда 1 ҳазору 400 хонавода бояд минтақаҳои хавфнокро тарк кунанд.

Ба иттилои расмӣ, панҷ соли ахир дар Тоҷикистон 603 ҳодисаи табиӣ рух дода, бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохтаанд ва ҳам иқтисоди кишвар 600 миллион доллар зарар дид.

Шӯҳрат Дилшодов, раиси бахши кӯчонидан ва нақлиёти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, гурӯҳи корӣ, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомиланд, тамоми ноҳияву деҳаҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, харитаи мазкурро таҳия кард.

“Тибқи харита 381 минтақаи махсусан хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 10 ҳазору 783 хонавода ба сар мебаранд. Солҳои 2017-2020 бояд беш аз 1400 хонавода аз ин минтақаҳо кӯчонида шаванд. Ба онҳо кумакҳои якдафъаинаи молӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ ва қарзҳои боимтиёз дода мешавад”, — афзуд ӯ.

Тайи шаш соли ахир дар Тоҷикистон ду барномаи миёнамуҳлати кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2010-2013 ва 2014-2016 қабул шуда ва дар ин муддат 1650 хонавода аз минтақаҳои барои зист хатарзо ба маҳалҳои амн бояд кӯчонда мешуданд. Вале он рӯи коғаз монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *