Буздуздон дастгир шуданд

Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак 4-сар чорвои майдаи шохдор (буз)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 43 ва 38-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Дуконии ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *