Бузургтарин бозори арзи Афғонистонро бастанд

Мақомоти феълии Афғонистон хабар доданд, ки Сарои Шаҳзода, бузургтарин бозори арзи Афғонистон баста шуд.

— Муовини Иттиҳоди саррофони Афғонистон Ҳоҷӣ Додгул гуфт, бозори арзи Сарои Шаҳзода ба далели ҷаласаи саррофон баста шудааст,- иттилоъ додааст сомонаи “Порс тудэй”.

Вале муовини Иттиҳоди саррофони Афғонистон дақиқ нагуфт, ки далели аслии баста шудани ин марказ дар чист. Танҳо ӯ афзуд, ки дар бораи масоили дохилӣ дар ҷаласа гуфтугӯ хоҳанд кард.

Муовини Иттиҳоди саррофон ҳамчунин мамнуияти дастфурӯшии озоди арз дар Сарои Шаҳзодаро ҳам таъйид кард.

Бонки марказии Афғонистон эълон кардааст, ки давлат шартҳои нуҳмоддаиро барои гирифтани иҷозатномаи ширкатҳои хадамоти пулӣ ва саррофӣ ҷорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Кобул, Ҳирот, Қандаҳор ва Балх фарди дархосткунандаи иҷозатнома бояд ҳадди ақал 50 миллион афғонӣ сармоя дошта бошад.

 Фароҳамкунандагони хадамоти пулӣ бар асоси шароити ҷадид ва саррофӣ бояд панҷ миллион афғонии тазминӣ дар Бонки марказӣ дошта бошанд ва ин миқдор ҳангоми бекор кардани иҷозатнома қобили бозпардохт аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *