Қуттиҳои махсус! Вазорат барои муроҷиати шаҳрвандон имконияти бештар медиҳад

Бо мақсади таъмини имконоти бештари муроҷиати шаҳрвандон ва вокуниши саривақтии масъулони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматраснии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ мегардад, хариди қуттиҳои махсус ба роҳ монда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ин қуттиҳо дар ҳамаи 265 маркази саломатии деҳоти 16 ноҳияи таҷрибавӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд, ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Кӯлоб, Кушониён, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Дарвозу Файзобод насб карда мешаванд.

— Бояд зикр намуд, ки қаблан низ чунин қуттиҳо барои арзу шикоят вуҷуд доштанд, вале бо гузашти вақт мо онҳоро хеле кам вомехӯрем. Аз ин хотир, дастрас ва насб намудани чунин қуттиҳо барои роҳандозии саривақтии муроҷиати мардуми маҳал, бахусус деҳоти кишвар ва вокуниши саривақтӣ ба он мусоидат мекунад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *