Шаҳри Турсунзода: Бунёди 6 мактаби нав идома дорад

Бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар шаҳри Турсунзода соли 2021 дар заминаи 8 мактаб 107 синфхонаҳои иловагӣ бо 2580 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Ин нукта дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Турсунзода зикр гардид.

Гуфта шуд, ки дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат 2 муассисаи нави таҳсилотӣ — Литсейи интернати шаҳрӣ ва МТМУ №49 дар фазои тантавӣ ифтитоҳ гардидаанд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки инчунин 2 муассисаи томактабӣ барои 380 кӯдак ба истифода дода шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 34 синфҳонаи иловагӣ дар заминаи 6 мактаб ва бунёди 6 мактаби нав идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *