Бузургтарин иқдом дар давоми 25 сол. Аз газетафурӯш то подабон аз андоз озод шуданд
Дар асоси дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорон як қатор намудҳои фаъолиятро аз пардохти андоз озод кард.
Тибқи дастури Кумитаи андоз, ки зери имзои раиси он Нусратулло Давлатзода нашр шудааст, фаъолияти соҳибкорие, ки ба намудҳои камдаромад мансуб мебошанд, аз андозбандӣ озод гардида, барои он патент талаб карда намешавад.
Кумитаи андоз дар феҳрасти фаъолиятҳои озод аз андозбандӣ фурӯши гиёҳои худруйи шифобахш, дуғоб, чой, фурӯши донаи офтобпараст дар кӯча, фурӯши рӯзномаву маҷалла, тақвимҳо ва китобҳо дар кӯча, фурӯши молҳои қаблан дар истеъмолбуда, чаронидани чорво, таъмир ва тоза намудани пойафзол берун аз бинои статсионарӣ, телефони кӯчагӣ, нигоҳубинии пиронсолон, беморон ва кӯдакон, кашонидани бор тариқи ароба дар кӯча ва бозорҳо, шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча (ба ғайр аз ҷойҳои махсусгардонидашуда), қабрканҳо, (гурканҳо), дар деҳотҷойҳо амалӣ намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ва маҳсулоти бофташуда, дар деҳотҷойҳо ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дузандагӣ, бофандагӣ, дурредгарӣ, кандакорӣ, расомӣ, рангуборкунӣ ва наққоширо ворид кардааст.
Кумита андоз афзуд, номгӯи фаъолиятҳое, ки дар асоси патент анҷом дода мешаванд, такмил дода шуда, маблағи патент барои онҳо нисбатан камтар муқаррар карда шуд: “Аз ҷумла расонидани ёрии муҳосибӣ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ тариқи патент пешбинӣ карда шуд”.
Сардорони мақомоти андоз вазифадор шудаанд, ки тамоми кормандонро бо мактуби дастурии мазкур шинос намоянд: “Бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, моҳияти дастурро ба онҳо расонанд ва нусхаҳои онро дар лавҳаҳои бозорҳо ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ҷойгир намоянд”.
Тафсилоти бештарро дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ